Боздошти таксирони бадахлоқу луқмапарто ба занон дар Душанбе

Санаи 17 август як гуруҳ корбарони шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, ки мақомоти милитсияи пойтахт ронандаи автомашинаи тамғаи номаълумро, ки ҳамчун таксӣ фаъолият менамояд, муайян намуда, нисбати кирдорҳои ғайриахлоқии ронанда, ҷавонписари тахминан 25-30-сола баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД Душанбе, зеро ронандаи […]

Asia-Plus

Санаи 17 август як гуруҳ корбарони шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, ки мақомоти милитсияи пойтахт ронандаи автомашинаи тамғаи номаълумро, ки ҳамчун таксӣ фаъолият менамояд, муайян намуда, нисбати кирдорҳои ғайриахлоқии ронанда, ҷавонписари тахминан 25-30-сола баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД Душанбе, зеро ронандаи автомашинаи мазкур зимни фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ пайваста ба дашному ҳақорат ва таҳқири дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ даст зада, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии шаҳрвандонро поймол мегардонад.

Гуфта мешавад, бо супориши бевоситаи сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода баҳри муайян ва боздошт намудани ронандаи бадахлоқ тамоми қувваю воситаҳои милитсияи шаҳри Душанбе сафарбар карда шудааст.

«Ҳамагӣ баъди як рӯзи ирсоли муроҷиати шаҳрвандон, санаи 18 август кормандони милитсияи пойтахт зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаи автомашаинаи мазкурро муайян намуда, автомашинаи мазкурро ба мақомоти милитсия дастрас намуданд», – омадааст дар маълумот.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа муайян карда шудааст, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Лутфуллои Файзуллозодаи 27-сола, соҳибмулки автомашаинаи тамғаи «Опел-Астра», сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Қирғизон буда, ба таври ғайриқонунӣ бе гирифтани иҷозатномаҳои дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳамчун таксии кироякаш, дар хатсайри худсохтаи рақами 3, фаъолият намуда, зимни кашонидани одамон ба дашному ҳақорат ва таҳқири шаҳрвандони дигар даст мезадааст.

«Номбурда ҳангоми идораи автомашина ва ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, ба назди ҷавонзани тахминан 25-30- сола, ки тариқи роҳи пиёдагардон ҳаракат менамуд, рафта автомашинаашро боз медорад ва нисбати ин ҷавонзан бо алфози қабеҳ суханҳои ғайриахлоқӣ мезанад», – гуфта мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, рӯзи 20 август ки суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Файзуллозодаро мутобиқи моддаи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) гунаҳкор эътироф намуда, ба ӯ дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз ҷазо таъин кард. Айни замон ӯ ба корҳои рубӯчини ҳавлӣ ва тоза нигоҳ доштани қаламрави биноҳо машғул аст.

Илова бар ин ба ронандаи боздоштшуда барои бе гирифтани иҷозатномаи дахлдор ба мусофиркашонӣ машғул гардидан, ҷазо дар шакли ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 сомонӣ таҳдид мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио