«Ҷияни генерал»-ро барои бадахлоқӣ ба кӯчарӯбӣ маҷбур карданд

Ҷавоне, ки мусофирони маршруткаро ҳақорат дода, худро хеши генерал муаррифӣ менамуд, 5 рӯз ҳабс шуд. Убайдулло Бураков дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “ҷияни генерал” маъруф шуд. Назди касоне, ки онҳоро таҳқир мекард, худро маҳз чунин муаррифӣ менамуд. Барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бадахлоқиву алфози қабеҳ ӯ ба 5 рӯзи […]

Asia-Plus

Ҷавоне, ки мусофирони маршруткаро ҳақорат дода, худро хеши генерал муаррифӣ менамуд, 5 рӯз ҳабс шуд.

Убайдулло Бураков дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “ҷияни генерал” маъруф шуд. Назди касоне, ки онҳоро таҳқир мекард, худро маҳз чунин муаррифӣ менамуд. Барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бадахлоқиву алфози қабеҳ ӯ ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ ҷазо гирифт.

Ӯро ҳамчунин барои бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ идора кардани автомашинаи падараш ба маблағи 12,5 ҳазор сомонӣ (1,3 ҳазор доллар) ҷарима карданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Раёсати ВКД Душанбе.

Аввали моҳи август дар шабакаи Facebook навори видео гузошта шуд, ки дар он ронандаи автомашинаи «Toyota Сorolla»  ронандаи маршрутка ва одамони гирду атрофро таҳқир намуда, изҳор медошт, ки касе бо ӯ ҳеҷ коре карда наметавонад, зеро “ҷияни генерал” аст”.

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дарҳол ба ҷустуҷӯи ӯ пардохта, маълум шуд, ки ин шахс сокини пойтахт Убайдулло Буракови 24-сола мебошад.

Нисбати Бураков ба муҳлати 5 рӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шуда, ӯ ба иҷрои корҳои муфиди ҷамъиятӣ, аз ҷумла рӯбучини қаламрав ҷалб гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.