Муаррифии беҳтарин навгониҳои саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ дар Тошканд

Asia-Plus

Дар “Узэскпомарказ”-и шаҳри Тошканд рӯзҳои 5-7 сентябр ягона дар Осиёи Марказӣ бузургтарин дар ИДМ намоишгоҳи таҷҳизот ва технология барои саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ – CAITME, ҳамчунин Намоишгоҳи байнулмилалии индустрияи бофандагӣ ва мӯд – UzTextile Expo доир мегардад.

Ташкилкунандаи наоишгоҳҳо ширкати байнулмилалии ташкили намоишгоҳҳои Iteca Exhibitions аст. Чорабинӣ бо дастгирии Ассотсиатсияи «Узтекстилпром» баргузор мешавад.

Барои бароҳат боздид намудан аз намоишгоҳ қаблан бо суроғаи зерин ба қайд гузоштан зарур аст: http://bit.ly/on_reghttp://bit.ly/on_reg, хабар медиҳад Iteca Exhibitions.

Имсол дар ин намоишгоҳҳо 475 ширкату тамағаҳои молӣ аз 25 кишвари дунё маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд. Дар намоишгоҳ гӯшаҳои Олмон, Испания ва Туркия, ширкатҳои Италия,Ҳиндустон, Чин ва дигар кишварҳо амал хоҳанд кард.

Дар намоишгоҳи «CAITME 2018» таҷҳизот ва технология барои ҳамаи марҳилаҳои истеҳсоли маҳсулоти санатӣ бофандагӣ ва дӯзандагӣ пешкаш мегардад.

Дар доираи барномаи корӣ баргузории вохӯриҳо дар шакли B2B, B2G, намоиши мӯд ва маҷмӯаи маҳсулоти саноатӣ дар назар аст.

Бо рӯйдодҳои индустрияи намоишгоҳ метавон дар Фейсбук бо суроғаи https://www.facebook.com/itecaExhibitions маълумоти бештар дарёфт намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...