Фиреб ба маблағи 2,7 млн. доллар: боздошти сокини Суғд ба гумони қаллобӣ

Кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат сокини 55-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро ба гумони қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд боздошт намуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда бо сокини 46-солаи шаҳри Ваҳдат маслиҳат намуда, ба ӯ ваъда медиҳад, ки барои фурӯши минбаъда аз Қазоқистон орду гандум меорад. “Бо ин мақсад дар давраи […]

Кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат сокини 55-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро ба гумони қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда бо сокини 46-солаи шаҳри Ваҳдат маслиҳат намуда, ба ӯ ваъда медиҳад, ки барои фурӯши минбаъда аз Қазоқистон орду гандум меорад.

“Бо ин мақсад дар давраи аз соли 2010 то соли 2014 гумонбаршуда аз сокини шаҳри Ваҳдат 2 млн. 790 ҳазору 708 доллар маблағ гирифта, маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф мекунад”, – хабар медиҳад ВКД.

Аз дигар ҷузъиёти ин масъала маълумот дода нашуда, зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз ва тафишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.