Ӯзбекистон дар ҷашни Рӯзи истиқлолият бори нахуст сарҳадро бо Тоҷикистон намебандад

Ҳукуматдорони Ӯзбекистон имсол дар остонаи ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи истиқлолият, ки санаи 1 сентябр таҷлил мегардад, ба равуои шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ маҳдудият ҷорӣ намекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон. “Айни замон ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд, шаҳрвандони ҳарду кишвар бидуни маҳдудият равуо […]

Ҳукуматдорони Ӯзбекистон имсол дар остонаи ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи истиқлолият, ки санаи 1 сентябр таҷлил мегардад, ба равуои шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ маҳдудият ҷорӣ намекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон.

“Айни замон ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд, шаҳрвандони ҳарду кишвар бидуни маҳдудият равуо доранд”, – гуфт манбаъ.

Солҳои қаблӣ пеш аз фарорасии ҷашни Рӯзи истиқлолият ҳукуматдорони кишвари ҳамсоя ба равуои шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ маҳдудият ҷорӣ намуда, посбонии сарҳад бо сафарбарии нерӯӣ ва воситаҳои иловагӣ пурзӯр карда мешуд.

Як моҳ пеш то ҷашни Рӯзи истиқлолият ба Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудият ба равуои шаҳрвандон огоҳинома фиристода мешуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...