Боҷҳои транзитӣ барои автомашинаҳои Ӯзбекистон бекор шуд

Тоҷикистон боҷҳо барои автомашинаҳо ва автобусҳо аз Ӯзбекистонро, ки тариқи транзит аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, бекор кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар дод. Қарори дахлдори ҳукумат дар ин бора аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 8 августи соли равон ба имзо расида буд. Қаблан мувофиқи қарори ҳукумати […]

Тоҷикистон боҷҳо барои автомашинаҳо ва автобусҳо аз Ӯзбекистонро, ки тариқи транзит аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, бекор кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар дод.

Қарори дахлдори ҳукумат дар ин бора аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 8 августи соли равон ба имзо расида буд.

Қаблан мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2007, барои транзити воситаҳои нақлиёт аз Ӯзбекистон тариқи қалаирави Тоҷикистон боҷи якдафъаина дар ҳаҷми 180 доллар ситонида мешуд.

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон мутмаинанд, ки бекор шудани боҷ барои автомашинаҳои сабукрав ва автобусҳо ба афзоиши шумори сайёҳон ва муомилоти молу маҳсулот байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар партави муносибатҳои душвор байни давлатҳо қаблан равуои нақлиёт маҳдуд буд. Хатсайрҳои мунтазами автобусҳо ҳанӯз солҳои 90-ум қатъ гардида буданд. Пас аз сари мансаб омадани президенти нави ин кишвар Шавкат Мирзиёев вазъ дар ин самт бакуллӣ тағйир ёфт.

Аввали соли 2018 ҷонибҳо дар бораи барқарор кардани равуои автобусҳо бо хатсайрҳои мунтазам тавофуқ ҳосил карданд. Автобуси нахустин бо хатсайри Тошканд – Хуҷанд – Тошканд санаи 15 май ба роҳ баромад. Байни давлатҳо алоқаи ҳавоӣ ва равуои қатораҳо низ барқарор шуд.

Пас аз анҷоми сафарҳои расмӣ сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи шарикии стратегӣ, равуои бераводид ва барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳад созишнома ба имзо расониданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.