Автомашинаи оянда бо арзиши 33 ҳазор доллар. Аллакай дар фурӯш аст!

Дар намоишгоҳи Қазоқистон дар Душанбе хусусиятҳои автомашинаи барқӣ (кроссовер) муаррифӣ гардид. Лекин нархаш баланд – 33 ҳазор доллар аст. Директори ҶС «Группа Компаний «Аллюр» (Қазоқистон) Ирина Миронова мегӯяд, корхонаи онҳо яке аз бузургтарин корхонаҳои автомбилбарорӣ дар Қазоқистон буда, ба содирот машғул аст. «Айни замон бо дастгирии ҶС «Ширкати содиротии суғурта «KazakhExport» фурӯши маҳсулоти мо дар […]

Олег БУЛИЧЕВ, махсус барои Asia-Plus

Дар намоишгоҳи Қазоқистон дар Душанбе хусусиятҳои автомашинаи барқӣ (кроссовер) муаррифӣ гардид. Лекин нархаш баланд – 33 ҳазор доллар аст.

Директори ҶС «Группа Компаний «Аллюр» (Қазоқистон) Ирина Миронова мегӯяд, корхонаи онҳо яке аз бузургтарин корхонаҳои автомбилбарорӣ дар Қазоқистон буда, ба содирот машғул аст.

«Айни замон бо дастгирии ҶС «Ширкати содиротии суғурта «KazakhExport» фурӯши маҳсулоти мо дар Тоҷикистон ва Русия ба роҳ монда шудааст», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, моҳи майи соли 2017 онҳо бо ҶСП «Холдинг Азия Групп Тоҷикистон» ҷиҳати таҳвили автомобилҳои тамғаи JAC-и истеҳсоли корхона ёддошт ба имзо расонда буданд.

«Имрӯз ин автомашинаҳо муваффақона ба сифати такси кор карда, дар бозори Тоҷикистон худро хуб нишон доданд. Аз ин рӯ, ба афзоиши содирот кӯшиш ба харҷ медиҳем», – қайд кард Миронова.

Мухтасар доир ба хусусиятҳои автомашина (кроссорвер): захираи ҳаракат – 280 км, вақти 100% ғизо гирифтан – 7 соат, суръати ниҳоӣ – 130 км/соат. Намуди зоҳириаш хеле зебо аст. Лекин нархаш баланд аст, ҳарчанд сарфа аз бензин ҷолиб мебошад, зеро JAC iEV7S аз розеткаи одии 220 В 400 Гц ғизо мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.