Ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе бозпас ба фурудгоҳ баргашт

Ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе соати 19:30 аз фурудгоҳи Жуковский ба парвоз хеста, дар пайи латукӯби меҳмондор (стюардесса) аз ҷониби як мусофир маҷбур шуд ба фурудгоҳи Жуковский баргардад. Бино ба иттилои расонаи мустақили «Ахбор», як мусофири ҷавон дар ҳоли зоҳиран бехудона дар дохили ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии” дод мезанад, ки ин ҳавопаймо метаркад. Ӯ мегӯяд, […]

Akhbor.com

Ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе соати 19:30 аз фурудгоҳи Жуковский ба парвоз хеста, дар пайи латукӯби меҳмондор (стюардесса) аз ҷониби як мусофир маҷбур шуд ба фурудгоҳи Жуковский баргардад.

Бино ба иттилои расонаи мустақили «Ахбор», як мусофири ҷавон дар ҳоли зоҳиран бехудона дар дохили ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии” дод мезанад, ки ин ҳавопаймо метаркад. Ӯ мегӯяд, "дар инҷо шайтон ҳаст, магар шумо шайтонро намебинед. Ба гуфтаи мусофирон, ҷавоне, ки меҳмондорро латукӯб кард, бемори рӯҳӣ будааст. Ҳавопаймои "Уралские авиалинии” соати 20:40 дар фурудгоҳи Жуковский нишастааст.

Гуфта мешавад, қазия таҳти таҳқиқ қарор дорад. Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нест. Мақомоти ширкати "Уралские авиалинии” ва фурудгоҳи Жуковский ин қазияро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Бо истинод ба сомонаи flightstats.com, ки парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоиро дар саросари ҷаҳон пайгирӣ мекунад, хабар дода мешавад, ки парвози Маскав – Душанбеи ширкати "Уралские авиалинии” бо дувуним соат таъхир – ба ҷои соати 01:20 соати 03:50 – ба фурудгоҳи Душанбе мерасад.

Бино ба охирин хабари расида аз фурудгоҳи "Жуковский", ҳавопаймои "Уралские авиалинии" дубора ба Душанбе парвоз кардааст, вале бидуни он мусофире, ки сабаби чунин саргардонӣ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.