350 сомонӣ ҷарима барои таҳқири Афсона. Духтар розӣ нест

Asia-Plus

Журналисти Радиои Озодӣ Афсона Акобиршо аз болои қарори суд, ки ба ҳар кадоме аз мардони ӯро таҳқиркарда 350 сомонӣ ҷарима таъин кард, ба зинаи таҷдиди назар (апеллятсия) шикоят бурд.

Афсона рӯзи 6 август ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ариза навишта, нимаи моҳи август аз рӯи ин парванда мурофиаи судӣ баргузор шуд. Ба гуфтаи духтар, ба ӯ 10 дақиқа пеш аз оғози мурофиа занг задаанд.

“Табиист, ки ман ба мурофиа дер монда, танҳо замони эълони қарори суд расида тавонистам. Суд ба ҳар кадоме аз қонуншиканон дар ҳаҷми 350 сомонӣ ҷарима таъин кард”, – иброз дошт ӯ.

Журналист ин ҷазоро хеле сабук дониста, адвокат киро кард ва аз болои қарори суд ба зинаи таҷдиди назар шикоят бурд.

“Ба сифати ҷазо мо талаб мекунем, ки корфармо айбдоршавандагонро аз кор озод намояд. Худи қонуншиканон ба пардохти зиёни маънавӣ ва маблағи панҷ рӯзи кории ман, ки дар ба дари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гашта, дар маросимҳои расмӣ, рӯбарӯкунӣ ва шинохтан иштирок кардам, ухдадор шаванд”, – мегӯяд рӯзноманигор.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодиса субҳи рӯзи 6 август замони ба кор рафтани Афсона ба вуқӯъ пайваст. Бинокорони машғул ба таъмиру навсозии “Кохи Ваҳдат” бо дидани ӯ ба таҳқир пардохта, ба унвони ӯ ҳарфҳои носазои марбут ба фаҳшо гуфтанд.

Афсона худро аз даст надода, аз сумкашш телефонро баровард, то ки инро навор гирад. Ин замон ҳама гурехтанд. Танҳо як бинокор боқӣ монда, ба панҷара наздиктар омад ва ният дошт, ки ба духтар узви ҷинсии худро нишон диҳад.

Пас аз ин журналист ба Шуъбаи ВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ ариза навишт. Парванда ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шуда, мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Авбошии барқасдона) баррасӣ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...