Сохтмони ҳаммом, кошонаи ҳусн ва сартарошхонаҳо дар деҳот

Ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар тамоми деҳоти кишвар ҳаммом, кошонаи ҳусн ва сартарошхонаҳо сохта шаванд. Аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки ин кор баҳри амалӣ шудани фармони президенти мамлакат сурат мегирад. “Мо тавсия додем, ки ин иншоот мувофиқи фармони президенти кишвар аз 22 майи […]

Ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар тамоми деҳоти кишвар ҳаммом, кошонаи ҳусн ва сартарошхонаҳо сохта шаванд.

Аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки ин кор баҳри амалӣ шудани фармони президенти мамлакат сурат мегирад.

“Мо тавсия додем, ки ин иншоот мувофиқи фармони президенти кишвар аз 22 майи соли 2018 (№1059), протоколи ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон аз 14 майи соли 2018 (№5) ва протоколи ҷаласаи сарвазир аз 26 майи соли 2018 бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди ҷашни Рӯзи истиқлолият сохта шавад”, – гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, иншооти мазкур аз ҳисоби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин соҳибкорон сохта мешаванд.

“Комиссияи таъсиёфта дар ноҳияҳо кор карда, ҷойи сохтмонро муайян ва лоиҳаи муносибро интихоб намуда, ҷараёни сохтмонро пайгирӣ мекунанд. Тамоми иншоот бояд то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлаттӣ ба истифода дода шавад”, – хабар доданд аз ҳукумати кишвар.

Дар сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон 10 лоиҳаи ҳаммому кошонаи ҳусн ва сатарошхонаҳои тавсияшуда барои сохтмон дар деҳоти ҷумҳурӣ нашр шудааст.

“Ин лоиҳаҳо боа вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав мувофиқа шуд. Бо корҳои лоиҳакашии бино ва иншоот дар минтақаҳо КВД “Лоиҳакаш”-и Кумита машғул мешавад”, – хабар дода мешавад дар сомонаи Кумита.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи моҳи майи ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба сохтмони биноҳои муосири таълимӣ, ҳаммом бо кошонаи ҳусн ва сартарошхона, боғу гулгаштҳо дар макони сайругашти оммавӣ ва истироҳат, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ дар тамоми минтақаҳо бештар ривоҷу равнақ бахшида шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.