Кашфи шаҳри қадимаи дорои таърихи 2-ҳазорсола дар Тоҷикистон

Бостоншиносони Тоҷикистон дар 85 километрии ҷануби шаҳри Душанбе (вилояти Хатлон) шаҳри қадимаро кашф карданд. Олимон онро ба замони подшоҳии Кӯшониён мансуб медонанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Мир24. Шаҳраки қадима дар баландии кӯҳ дар канори деҳа воқеъ аст. Ба ақдиаи бостоншиносон, дар ин шаҳрак ду ҳазор сол пеш эҳтимол шахсони хеле доро зиндагӣ доштаанд. Дар дохили […]

Бостоншиносони Тоҷикистон дар 85 километрии ҷануби шаҳри Душанбе (вилояти Хатлон) шаҳри қадимаро кашф карданд. Олимон онро ба замони подшоҳии Кӯшониён мансуб медонанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Мир24.

Шаҳраки қадима дар баландии кӯҳ дар канори деҳа воқеъ аст. Ба ақдиаи бостоншиносон, дар ин шаҳрак ду ҳазор сол пеш эҳтимол шахсони хеле доро зиндагӣ доштаанд.

Дар дохили шаҳрак саломхонаи подшоҳ дарёфт шудааст, ки бо тарзи махсус сохта шуда, бари деворҳо қариб ба се метр мерасад ва онҳо бо андова рӯйпӯш шудаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=9B5Oh6JmVio

Ғайр аз ин, бостоншиносон тангаҳоеро дарёфт намуданд, ки аз рӯи онҳо метавон тахмин кард, ки шаҳрак дар асрҳои 1-2 замони мо, яъне 2 – 1,8 ҳазор сол пеш вуҷуд доштааст. Ҳамчунин хумҳо – зарфҳои махсус барои нигаҳдории зироати ғалладона пайдо гардидааст, ки дар шакли хеле хуб то ин вақт маҳфуз мондааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.