Тавсияи Вазорати нақлиёт ба мошинҳои дар марзи Туркманистон дармонда

Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба автомашинаҳои боркаши раҳсипор ба Тоҷикистон, ки дар сарҳади байни Эрону Туркманистон дармондаанд, истифодаи роҳҳои дигарро барои бозгашт ба ватан тавсия медиҳад.

“Чанд рӯз аст, ки гузариши мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз ҳудуди  Туркманистон маҳдуд карда шудааст. Айни ҳол дар гузаргоҳҳои сарҳадии Эрону Туркманистон ва Ӯзбекистону Туркманистон нақлиёти боркаши тоҷик намегузарад”, – хабар дода мешавад дар маълумоти сомонаи Вазорати нақлиёти ҶТ.

Дар ин робита, қайд мешавад дар маълумот, аз ин хотир  то ҳалли ин қазия Вазорати нақлиёт ба интиқолдиҳандагони Тоҷикистон  тавсия медиҳад, ки аз дигар масирҳо, яъне тавассути ҳудуди Озарбойҷон, Қазоқистону Туркманистон истифода кунанд.

“Ин роҳ тӯлонитар назар ба роҳи Туркманистон – Ӯзбекистон – Тоҷикистон аст, вале айни ҳол ягона илоҷ ҳамин аст” – таъкид мешавад дар маълумоти Вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин бора аз ҷониби Вазорати нақлиёт ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат карда шуда, вале то ҳол аз ҷониби Туркманистон ҷавоби расмӣ наомадааст.

Тибқи баъзе маълумот, дар гузаргоҳи сарҳадии Лутфобод-Ортиқ, ки дар сарҳади Эрону Туркманистон воқеъ аст, айни замон беш аз 100 адад автомашинаҳои боркаши ба Тоҷикистон раҳсипор дармондаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...