Садамаи автомашинаи пур аз сӯзишворӣ ва ҳалокати ду нафар

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи монишгарди Душанбе – Чанок, ки санаи 3 сентябр рух дод, ду нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “DAF” Қурбоналӣ Қурбонови 36-сола (сокини шаҳри Леваканд), ки дар бордони автомашинаи мазкур 28747-литр сӯзишвории “бензин” ва 6253-литр сӯзишвории “дизелӣ” мавҷуд буд, ҳангоми ҳаракат  дар […]

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи монишгарди Душанбе – Чанок, ки санаи 3 сентябр рух дод, ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “DAF” Қурбоналӣ Қурбонови 36-сола (сокини шаҳри Леваканд), ки дар бордони автомашинаи мазкур 28747-литр сӯзишвории “бензин” ва 6253-литр сӯзишвории “дизелӣ” мавҷуд буд, ҳангоми ҳаракат  дар ҳудуди мавзеи Чореи ноҳияи Айнӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷӯйбори калони рости роҳ чаппа шудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа сӯзишвориҳо ба замин рехта, аз шарораи ҳангоми садама пайдошуда сӯхтор ба амал омадааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ронанда ва мусофираш Қосим Қурбонови 26-сола (сокини шаҳри Леваканд) ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20 июл дар километри 66-уми ҳамин шоҳроҳ автомашинаи боркаш ба ҷарӣ сарозер рафта, оташ гирифт, ки дар натиҷа як нафар ҳалок ва боз як каси дигар ҷароҳат бардошт.

Ҳамчунин рӯзи 13 июл дар ин шоҳроҳ автомашинае, ки гази моеъ мекашонид, ба бинои паҳлӯи роҳ бархӯрда, ронандаи автомашина дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.