Сокини Душанбе барои таҳқири ҳамсараш 7 рӯз ҳабс шуд

Сокини шаҳри Душанбе Эркинҷон Муқумов барои паст задани шаъну эътибор, ҳамчунин доимо хурдагириву айбҷӯӣ нисбати ҳамсараш ба муддати 7 рӯз ҷазои ҳабс гирифт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нисбати ӯ моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ шуда, бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт барои рафтори ношоям ӯ 7 рӯзро дар ҳабс паси сар […]

Сокини шаҳри Душанбе Эркинҷон Муқумов барои паст задани шаъну эътибор, ҳамчунин доимо хурдагириву айбҷӯӣ нисбати ҳамсараш ба муддати 7 рӯз ҷазои ҳабс гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нисбати ӯ моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ шуда, бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт барои рафтори ношоям ӯ 7 рӯзро дар ҳабс паси сар мекунад.

Гуфта мешавад, сокини маҳаллаи Зарафшони пойтахт бо ариза нисбати шавҳараш ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки ҳамсараш пайваста дар ҳолати сархушӣ ба хона омада, ӯро дашномҳои қабеҳ ва шаъну шарафи ӯро дар назди дигар аъзои оила паст мезадааст.

“Санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба хонааш омада, ҳамсарашро ҳатто дар назди фарзандон ва берун аз муҳити хонавода дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, бо чунин тартиб оромии шаҳрвандонро халалдор карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Қобили зикр аст, ки моҳи гузашта барои дағалгуфторӣ сокини дигари шаҳри Душанбе Убайдулло Бураков ба муҳлати 5 рӯз ҳабс шуда буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “ҷияни генерал” маъруф шуд. Дар навори видео ӯ ронандаи автомашинаи «Toyota Сorolla»,  ронандаи маршрутка ва одамони гирду атрофро таҳқир намуда, изҳор медошт, ки касе бо ӯ ҳеҷ коре карда наметавонад, зеро “ҷияни генерал” аст”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.