Трамп дар Тоҷикистон сафири нав таъин карданист

Ба вазифаи сафир дар Тоҷикистон президенти ИМА Доналд Трамп номзадии Ҷон Поммершейм (John Mark Pommersheim)-ро пешниҳод мекунад. Ӯ дипломати касбӣ буда, айни замон дар сафоратхонаи ИМА дар Қазоқистон фаъолият дорад. Дар ин бора дафтари матбуоти Кохи сафед дар ИМА хабар медиҳад. Қабл аз фаъолият дар сафорати ИМА дар Қазоқистон Поммершейм ба сифати консули генералии ИМА […]

Ба вазифаи сафир дар Тоҷикистон президенти ИМА Доналд Трамп номзадии Ҷон Поммершейм (John Mark Pommersheim)-ро пешниҳод мекунад. Ӯ дипломати касбӣ буда, айни замон дар сафоратхонаи ИМА дар Қазоқистон фаъолият дорад. Дар ин бора дафтари матбуоти Кохи сафед дар ИМА хабар медиҳад.

Қабл аз фаъолият дар сафорати ИМА дар Қазоқистон Поммершейм ба сифати консули генералии ИМА дар Владивосток (Русия) ва шаш намояндагиҳои ИМА дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Чин ва Япония ифои вазифа намудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Бакнелл, Донишгоҳи Колумбия ва Донишкадаи давлатии забони русии Пушкин бо стипендияи Вазорати мудофиа аст. Поммершейм забонҳои русӣ, олмонӣ, японӣ ва чиниро медонад.

Гуфта мешавад, Трамп ҳамчунин дар Озарбойҷон низ сафири нав таъин карданист ва ба ин мансаб Ирли Литсенбергерро пешбарӣ намудааст, ки дипломати касбӣ буда, дар Департамент давлатии ИМА мансаби воломақомро ишғол мекунад. Таъиноти сафиронро бояд сенати ИМА тасдиқ намояд.

Айни замон Кевин Коверт ба сифати иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон кор мекунад. Моҳи августи соли 2017 ӯ ба иҷрои уҳдадориҳои роҳбари намояндагии дипломатӣ дар ИМА шурӯъ намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.