Боғи “Дӯстии халқҳо” ба номи Абулқосим Фирдавсӣ иваз шуд

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ» иваз карда шуд. Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру навсозии боғи “Дӯстии халкҳо” ҳусни оғоз бахшида буд. Маросими ифтитоҳи боғ баъди таъмиру навсозӣ рӯзҳои […]

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ» иваз карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру навсозии боғи “Дӯстии халкҳо” ҳусни оғоз бахшида буд. Маросими ифтитоҳи боғ баъди таъмиру навсозӣ рӯзҳои наздик дар назар аст.

Боғи “Дӯстии халқҳо” соли 1972 сохта шуда, дар майдони 30 гектар воқеъ аст. Дар ҷараёни корҳои таъмиру навсозӣ 41 ҳазор метри мураббаъ гулгаштҳои боғ обод ва 4,2 гектар майдони қаламрави он сабзу хуррам гардонида шуд. Дар майдони 2,3 гектари боғ чор майдони футболи хурд, майдон барои бозии кӯдакон ва ҳамчунин бинои маъмурии боғ бунёд гардид.

Қобили зикр аст, ки дар ин боғ бори аввал дар Душанбе дар майдони наздики 1 гектар ролледром сохта мешавад. Ҳамчунин толори бозиҳо компютерӣ ва фурӯшгоҳи сарулибоси варзишӣ низ ба истифода дода мешавад.

Ролледром аз ҳисоби воситаҳои соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, барои бунёди он ҳудуди 2 млн. сомонӣ маблағ сарф шудааст. Дар қаламрави боғ ҳамчунин амфитеатр бо 1,5 ҳазор ҷойи нишаст низ сохта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.