Беҳтаринҳо: Шоҳҷоизаи мақомсароёни тоҷик дар Шаҳрисабз

Дар Шаҳрисабзи Ӯзбекистон рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда Фестивали байналмилалии санъати мақом доир гардид, ки дар он мақомсроёни тоҷик низ ширкат варзиданд. Барои намояндагони Тоҷикистон чорабинӣ муваффақона анҷом ёфт: Академияи мақоми Тоҷикистон ба дарёфти Шоҳҷоизаи фестивал ва 15 ҳазор доллар мукофотпулӣ шарафёб гардид. “Мо чунин натиҷаро интизор набудем, танҳо санъату ҳунари худро муаррифӣ карданӣ будем. Иштирок […]

Asia-Plus

Дар Шаҳрисабзи Ӯзбекистон рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда Фестивали байналмилалии санъати мақом доир гардид, ки дар он мақомсроёни тоҷик низ ширкат варзиданд.

Барои намояндагони Тоҷикистон чорабинӣ муваффақона анҷом ёфт: Академияи мақоми Тоҷикистон ба дарёфти Шоҳҷоизаи фестивал ва 15 ҳазор доллар мукофотпулӣ шарафёб гардид.

“Мо чунин натиҷаро интизор набудем, танҳо санъату ҳунари худро муаррифӣ карданӣ будем. Иштирок дар чунин чорабинии бузургмиқёс хушбахтӣ буда, барои чунин имкон аесамбли мо ба президенти Ӯзбекистон, ки бо ташаббуси ин шахс фестивал доир мегардад, миннатдорӣ изҳор менамояд”, – изҳор дошт таассуроти худро аз фестивал мақомсаро Ҷамшед Эргашев.

Дар қатори ӯ Тоҷикистонро дар ин фестивал Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Озодахон Ашӯрова, мақомсароёни маъруфи ҷумҳурӣ Насиба Омумбаева, Тоҳирҷон Ҷӯраев, Хуршед Иброҳимов, Сироҷиддин Ҷӯраев, Мурод Ҷумъаев ва Камолиддин Ҳамдамов намояндагӣ карданд.

Директори Академияи мақоми Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ҳайати Тоҷикистонро ҳамроҳӣ намуда, ҳамчунин ба сифати коршинос ба конфронси илмӣ-амалӣ дар доираи фестивал даъват шуда буд ва ба ҳайати ҳакамони фестивал низ шомил гардид.

Қобили зикр аст, ки дар Фестивали байналмилалии санъати мақом дар Шаҳрисабзи Ӯзбекистон 162 нафар сарояндагони мақоми классикӣ аз 29 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Бо маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо ворид шудан ба суроғаи зерин шинос шуда метавонед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.