Ҳаҷми қарзҳои мушкили бонкҳои Тоҷикистон – беш аз 200 млн. доллар

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии қарзҳои мушкил дар бахши бонкии Тоҷикистон ба аввали моҳи августи соли равон наздики 1,9 млрд. сомонӣ (беш аз 200 млн. доллар)-ро ташкил дод.

“Қарзҳои батаъхирафтода аз рӯи қарзҳои низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд ба санаи 1 августи ҳамин сол 1899 млн. сомониро ташкил дод”, – хабар медиҳад Агентии омори назди Пезиденти Тоҷикистон.

Ҳаҷми чунин қарзҳо давоми чор моҳи охир ба миқдори 21 млн. сомонӣ (2,2 млн. доллар) афзудааст.

Наздики 32%-и қарзҳои батаъхирафтода бо арзи миллӣ – сомонӣ ва беш аз 68% – бо асъори хориҷӣ дода шудааст.

Ҳаҷми қарзҳои мушкил бо арзи миллӣ – 602 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ – 1 млрд. 296 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Маблағи умумии қарзҳои додаи низоми бонкӣ ба санаи 1 августи соли ҷорӣ 8 млрд. 580 млн. сомониро ташкил дода,  ҳамин тариқ ҳиссаи қарзҳои пардохиашон батаъхирафтода дар ҳаҷми умумии низоми қарздиҳӣ ба 22% баробар шудааст.

Ҳиссаи бештари қарзҳо асосан ба корхонаҳои хусусии тиҷоратӣ (наздики 2,3 млрд. сомонӣ) ва корхонаҳои давлатӣ (қариб 2 млрд. сомонӣ) рост меоянд.

Қобили зикр аст, ки як қатор бонкҳои тиҷоратии кишвар соли сеюм аст, ки пулҳои амонати мизоҷони худро баргардонида наметавонанд ва ин ҳолатро дар навбати аввал ба он нисбат медиҳанд, ки қарзҳои ба дигар мизоҷон додаашонро гирифта наметавонанд.

Чунин мушкилот дар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ҳамчунин дар бонкҳои мавриди барҳамдиҳӣ қарордоштаи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” ҷой дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...