Ҳаҷми қарзҳои мушкили бонкҳои Тоҷикистон – беш аз 200 млн. доллар

Ҳаҷми умумии қарзҳои мушкил дар бахши бонкии Тоҷикистон ба аввали моҳи августи соли равон наздики 1,9 млрд. сомонӣ (беш аз 200 млн. доллар)-ро ташкил дод. “Қарзҳои батаъхирафтода аз рӯи қарзҳои низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд ба санаи 1 августи ҳамин сол 1899 млн. сомониро ташкил дод”, – хабар медиҳад Агентии омори назди Пезиденти Тоҷикистон. […]

Ҳаҷми умумии қарзҳои мушкил дар бахши бонкии Тоҷикистон ба аввали моҳи августи соли равон наздики 1,9 млрд. сомонӣ (беш аз 200 млн. доллар)-ро ташкил дод.

“Қарзҳои батаъхирафтода аз рӯи қарзҳои низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд ба санаи 1 августи ҳамин сол 1899 млн. сомониро ташкил дод”, – хабар медиҳад Агентии омори назди Пезиденти Тоҷикистон.

Ҳаҷми чунин қарзҳо давоми чор моҳи охир ба миқдори 21 млн. сомонӣ (2,2 млн. доллар) афзудааст.

Наздики 32%-и қарзҳои батаъхирафтода бо арзи миллӣ – сомонӣ ва беш аз 68% – бо асъори хориҷӣ дода шудааст.

Ҳаҷми қарзҳои мушкил бо арзи миллӣ – 602 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ – 1 млрд. 296 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Маблағи умумии қарзҳои додаи низоми бонкӣ ба санаи 1 августи соли ҷорӣ 8 млрд. 580 млн. сомониро ташкил дода,  ҳамин тариқ ҳиссаи қарзҳои пардохиашон батаъхирафтода дар ҳаҷми умумии низоми қарздиҳӣ ба 22% баробар шудааст.

Ҳиссаи бештари қарзҳо асосан ба корхонаҳои хусусии тиҷоратӣ (наздики 2,3 млрд. сомонӣ) ва корхонаҳои давлатӣ (қариб 2 млрд. сомонӣ) рост меоянд.

Қобили зикр аст, ки як қатор бонкҳои тиҷоратии кишвар соли сеюм аст, ки пулҳои амонати мизоҷони худро баргардонида наметавонанд ва ин ҳолатро дар навбати аввал ба он нисбат медиҳанд, ки қарзҳои ба дигар мизоҷон додаашонро гирифта наметавонанд.

Чунин мушкилот дар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ҳамчунин дар бонкҳои мавриди барҳамдиҳӣ қарордоштаи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” ҷой дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...