Бинои баландтарини Душанбе дар остонаи ҷашни 30-солагии истиқлолият ба истифода дода мешавад

Анҷоми сохтмони нахустин бинои 30-ошёна дар Тоҷикистон, ки муддати се сол аст дар ҷойи собиқ Главпочтамт бунёд шуда истодааст, дар остонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар дод. Дар бинои нав роҳандозии фаъолияти ҳамаи ширкату сохторҳое, ки ба пешниҳоди […]

Анҷоми сохтмони нахустин бинои 30-ошёна дар Тоҷикистон, ки муддати се сол аст дар ҷойи собиқ Главпочтамт бунёд шуда истодааст, дар остонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар дод.

Дар бинои нав роҳандозии фаъолияти ҳамаи ширкату сохторҳое, ки ба пешниҳоди хизматрасониҳои алоқа машғуланд, аз ҷумла ширкатҳои фароҳамсози Интернет (провайдерон) ва операторони мобилӣ пешбинӣ мегардад.

“Дар се ошёнаи аввал таваққуфгоҳҳо барои автомашинаҳо сохта мешавад, зеро дар маркази пойтахт дар ин самт мушкилӣ ҷой дорад”, – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки маросими оғози сохтмони ин бино моҳи апрели соли 2015 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Он замон зикр гардида буд, ки ин натанҳо маркази маъмурӣ хоҳад буд, балки дар дохили он кинотеатрҳои 3D ва 5D, қаҳвахона, тарабхонаҳо ва ғайра фаъолият хоҳанд кард. Дар боми бинои асосӣ дар баландии 123 метр майдони тамошо сохта шуда, аз он тамоми манзараи пойтахт намоён мешавад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз бинои 20-ошёнаи маркази тиҷоратии “Душанбе-Плаза баландтарин бино дар Тоҷикистон шуморида мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.