Президент бо прокуророни кишварҳои узви ИДМ ва СҲШ суҳбат кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти сарвари давлат, Президенти мамлакат Прокуратураро яке аз сохторҳои муҳимтарини дастгоҳҳои давлатӣ ва ҷомеаи қонунӣ арзёбӣ карда, изҳори умед намуд, ки мулоқотҳои имрӯза барои табодули таҷриба ва муайян кардани самтҳои нави кӯшишҳои муштарак […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти сарвари давлат, Президенти мамлакат Прокуратураро яке аз сохторҳои муҳимтарини дастгоҳҳои давлатӣ ва ҷомеаи қонунӣ арзёбӣ карда, изҳори умед намуд, ки мулоқотҳои имрӯза барои табодули таҷриба ва муайян кардани самтҳои нави кӯшишҳои муштарак ҷиҳати тақвият додани волоияти қонун, амният ва субот дар кишварҳо имкон фароҳам меорад.

Зимни мулоқот масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла шаклҳои трансмиллӣ ва ташкилёфта, шиддатнокии таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, экстремизм ва мушкилоти амниятӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои ҷангзадаи олам, оқибатҳои фалокатбори муноқишаҳои сиёсӣ ва талафоти ҷонии аҳолии осоиштаи ин давлатҳо изҳори нигаронӣ карда, ҳамгироии муштараки кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ, барои таъмини амният дар қаламрави давлатҳо ва минтақа зарур шумурда шуд.

Ба нақши калидии Маркази зиддитеррористии ИДМ, Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва Ассотсиатсияи байналхалқии прокуророн дар самти муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, пурқувват кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, таъмини амнияти иттилоотӣ, мубориза бо ҷинояткории кибернетикӣ ва дигар зуҳуроти барои ҷамъият хавфнок аз масъалаҳои дигару муҳими мулоқот буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.