Ҳамсарони собиқадорони ҷанги дар замони осоишта даргузашта кумакпулӣ намегиранд

tojiki

“Ҳамсарони собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), ки пас аз ҷанг даргузаштанд, кумакпулии якдафъаина намегиранд. Ин гуна кумак танҳо барои ҳамсарони тоҷикистонёне, ки бевосита дар майдони набарди ҶБВ чони худро аз даст додаанд, пешбинӣ шудааст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорон.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамасола дар остонаи ҷашни Рӯзи Ғалаба аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони ҶБВ ва дар шахсоне, ки дар муҳосираи Ленинград қарор доштанд, кумкпулӣ ҷудо мешавад, ки ҳаҷми кумаки имсола 3 ҳазор сомониро ташкил дод.

“Ғайр аз ин, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ пеш аз чашни Рӯзҳои Ғалаба ва Истиқлолият ба собиқадорони ҷанг, шахсоне, ки дар муҳосираи Ленинград қарор доштанд, ҳамсарони сарбозону афсрони дар майдониҳои ҶБВ ҳалокшуда, ҷанговарони интернатсионалист, одамоне, ки дар бартараф кардани садамаи Нерӯгоҳи атомии Чернобил иштирок кардаанд, кумаки якдафъаина ҷудо мекунанд”, – қайд карда манбаъ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, аввали моҳи сентябр раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба муносибати чашни Рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ ба 42 нафар собиқадорони ҶБВ, ҳамсарони сарбозону афсарони дар ин ҷанг ҳалокшуда ба ҳар кадоме 900 сомонӣ кумакпулӣ ҷудо намуд.

Зимнан зикр гардид, ки бо ҳамаи масъалаҳои зикршуда шаҳрвандон метавонанд ба Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорон бо телефони 221 86 00 муроҷиат намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...