Дар Хуҷанд Анҷумани байнулмилалии иқтисодӣ доир мегардад

Asia-Plus

Ба муносибати 10-умин солгарди таъсисёбии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр дар шаҳри Хуҷанд Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Суғд-2018” баргузор мешавад.

Чорабинӣ бо ташаббус ва ҳамдастиву ҳамкориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маъмурияти МОИ “Суғд” ва шарикони байналмилалии рушд созмон дода мешавад.

“Баргузории Анҷуман ҷиҳати фароҳам овардани замина барои барпо намудани алоқаҳои ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ватаниву хориҷӣ, инчунин таҳлили дастовардҳои кунунӣ ва ояндаи пешрафти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат менамояд”, – хабар медиҳад дафтари матуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, дар муҳтавои масъалаҳои баррасишаванда, масъалаи омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҳамсоя дар ин соҳа басо муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Дар кори Анҷуман аз иштироки наздик 200 нафар вакилон, аз ҷумла намояндагони минтақаҳои озоди иқтисодии кишварҳои хориҷи наздику дур, субъектҳои МОИ, намояндагони Вазорату идора ва доираҳои илмӣ, созмону ташкилотҳои байнулмилалӣ ва ҷамъиятӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ва ВАО интизорӣ меравад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ – “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” амал мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...