Дар Хуҷанд Анҷумани байнулмилалии иқтисодӣ доир мегардад

Ба муносибати 10-умин солгарди таъсисёбии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр дар шаҳри Хуҷанд Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Суғд-2018” баргузор мешавад. Чорабинӣ бо ташаббус ва ҳамдастиву ҳамкориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маъмурияти МОИ “Суғд” ва шарикони байналмилалии рушд созмон дода мешавад. “Баргузории […]

Asia-Plus

Ба муносибати 10-умин солгарди таъсисёбии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр дар шаҳри Хуҷанд Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Суғд-2018” баргузор мешавад.

Чорабинӣ бо ташаббус ва ҳамдастиву ҳамкориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маъмурияти МОИ “Суғд” ва шарикони байналмилалии рушд созмон дода мешавад.

“Баргузории Анҷуман ҷиҳати фароҳам овардани замина барои барпо намудани алоқаҳои ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ватаниву хориҷӣ, инчунин таҳлили дастовардҳои кунунӣ ва ояндаи пешрафти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат менамояд”, – хабар медиҳад дафтари матуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, дар муҳтавои масъалаҳои баррасишаванда, масъалаи омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҳамсоя дар ин соҳа басо муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Дар кори Анҷуман аз иштироки наздик 200 нафар вакилон, аз ҷумла намояндагони минтақаҳои озоди иқтисодии кишварҳои хориҷи наздику дур, субъектҳои МОИ, намояндагони Вазорату идора ва доираҳои илмӣ, созмону ташкилотҳои байнулмилалӣ ва ҷамъиятӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ва ВАО интизорӣ меравад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ – “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” амал мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.