Ҷасади подполковники милитсия дар дарахти хонааш овезон дарёфт шуд

Зафар Сафаров, подполковники милиса ва муовини раиси Иттиҳодияи автомобилчиёни ноҳияи Шаҳритус, худкушӣ кардааст. Ҷасади Сафаровро субҳи 28-уми сентябр дар шохи дарахти чормағзи хонааш дар ҷамоати ба номи Рӯдакии ноҳияи Вахш овезон пайдо намудаанд. Дар идораи ташхиси додгоҳии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Зафар Сафаров худовезӣ кардааст, аммо то ба ҳол сабабҳои худкушии подполковник […]

Радиои Озодӣ

Зафар Сафаров, подполковники милиса ва муовини раиси Иттиҳодияи автомобилчиёни ноҳияи Шаҳритус, худкушӣ кардааст. Ҷасади Сафаровро субҳи 28-уми сентябр дар шохи дарахти чормағзи хонааш дар ҷамоати ба номи Рӯдакии ноҳияи Вахш овезон пайдо намудаанд.

Дар идораи ташхиси додгоҳии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Зафар Сафаров худовезӣ кардааст, аммо то ба ҳол сабабҳои худкушии подполковник маълум нест. Мақомот гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад ва ба зудӣ сабабҳои худкуширо дақиқ мекунанд.

Гуфта мешавад, Зафар Сафаров соҳиби ҳафт фарзанд буда, даҳ сол боз дар ноҳияи Шаҳритус фаъолият доштааст. Ҳамсояҳояш гуфтаанд, ки ӯ сари чанд вақт ба хонааш дар ноҳияи Вахш меомад.

Умед Сафаров, бародари Зафар Сафаров гуфтааст, чунин рафтори бародараш онҳоро дар ҳолати "шок" қарор дода, то ба ҳол ба ин суол, ки чаро худкушӣ кард, ҷавоб наёфтаанд.

Муҳибулло Ҷӯрақулов, ҳамкори Зафар Сафаров низ дар ин робита изҳор намудааст, ки дар ӯ афсурдагиро надида буданд ва аз чизе ҳам шикоят надошт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Мавқеи Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет” беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.