Лимити истифодаи нерӯи барқ боз барқарор мешавад?

Asia-Plus

Нахустин хабарҳо дар бораи қатъи интиқоли барқ ҳанӯз нимаи моҳи сентябр пайдо шуданд: сокинони чанде аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб (Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ) аз он шикоят карда буданд, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ 10 соат барқ мегиранд.

Шурӯъ аз оғози ҳафтаи гузашта аз сокинони ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт – Рӯдакӣ, Ҳисор ва Файзобод низ дар бораи маҳдуд шудани интиқоли барқ хабарҳо расиданд.

Дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара аллакай муддати як ҳафта аст, ки шабонарӯзӣ 10-12 соат нерӯи барқ дода мешавад. Ба гуфтаи сокинон, интиқоли барқ аз соати 8 субҳ то 3 рӯз ва аз 10 шаб то 5 субҳ қатъ мегардад.

– Миёни мардум овозаҳое ҷой доранд, ки ин зимистон боз реҷаи маҳдуди истифода (лимит)-и нерӯи барқ ҷорӣ мегардад, – хабар дод сокини Ворух Фирдавс Раҳматов.

Мувофиқи маълумоти портали Barknest.tj, ки ҳамарӯза вазъи таъмин бо барқро пайгирӣ мекунад, аксари ноҳияҳои кишвар бо мушкили камбуди барқ дучоранд.

Баъзе ноҳияҳо (Ҳисор, Рашт, Рӯдакӣ, Деваштич, Шаҳристон, Муъминобод, Носири Хусрав, Шаҳритӯс) ҳафтаи гузашта ҳамагӣ 8 соат – 3 соат субҳ ва 5 соат шом барқ гирифта, ба аҳолии бисёре дигар аз ноҳияҳо интиқоли барқ то ба 5-15 соат дар як шабонарӯз маҳдуд шудааст.

Танҳо ба шаҳрҳо ва чанде аз ноҳияҳо, аз ҷумла Ҷиргатол, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Панҷакент, Бӯстон, Румӣ, ҳамчунин ноҳияҳои ВМКБ, ки аз ширкати хусусии “Помир энержи” барқ мегиранд, интиқоли барқ пурра шабонарӯзӣ сурат мегирад.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ба истифодаи нерӯи барқ ягон лимите ҷорӣ нашуда, ҳолатҳои муваққатан қатъ шудани интиқоли он ба баргузор кардани корҳои таъмиру навсозӣ вобаста аст”.

“Мутахассисони мо айни замон ба омодакунии иншооти зерсохтор ба мавсими тирамоҳу зимистон машғуланд ва аз ин рӯ, баъзан зарурате пеш меояд, ки интиқоли нерӯи барқ муваққатан боздошта шавад”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкат.

Аммо бархе аз кормандони соҳа қатъи интиқоли барқро ба пур кардани обанбори нерӯгоҳи Роғун нисбат медиҳанд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати аввалаш санаи 16 ноябри ҳамин сол ба нақша гирифта шудааст.

“Барои таъмини кори гидроагрегат дар давраи зимистон пур кардани обанбор бо об идома дорад. Маҷрои дарёи Вахш аз 1,8 ҳазор метри мукааб дар як сонияи моҳи июл то ба 600 метри мукааб дар як сония дар моҳи сентябр поин рафт. Аввали моҳи октябр маҷрои оби дарё то 400 метри мукааб дар як сония кам мешавад. Чун як қисмат маҷрои об барои пур кардани обанбори Роғун истифода мегардад, ба нерӯгоҳи Норак, ки аз маҷро поинтар истодаааст, воридшавии об аз сатҳи маъмулӣ камтар мегардад”, – шарҳ дод як энергетик, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.

Дар бораи то кадом муҳлат идома ёфтани пур кардани обанбори Роғун ӯ маълумоти саҳеҳ дода натавониста, қайд кард, ки мушкили таъминот бо барқ баъди ба кор даромадани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ҳал мешавад, зеро ин марказ бо иқтидори 400 МВт қариб 60% талаботи пойтахтро бо барқ таъмин карда, нерӯи барқи аз ин ҳисоб сарфашударо метавон ба минтақаҳо интиқол дод.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки ғайр аз ин, моҳи ноябр яке аз агрегатҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки иқтидораш дар марҳилаи аввал 100 МВт-ро ташкил медиҳад, мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ки ин ҳам ба ҳаллу фасли мушкилоти камбуди барқ мусоидат карда метавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...