Тарифҳои истифодаи нерӯи барқ қариб 15% боло мераванд

Аз 1 ноябри соли равон барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ аҳолӣ ба ҷойи 16,85 дирами ҳозира 19,37 дирам маблағ пардохт мекунад. Дар ин бора аз 25 сентябр қарори ҳукумат ба имзо расида, бо ин санад дастур дода мешавад, ки ба ҷуз КВД “Ширкати алюминии тоҷик”, ба ҳамаи дигар категорияҳои истеъмолгарон тарифҳои истифодаи барқ тасдиқ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз 1 ноябри соли равон барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ аҳолӣ ба ҷойи 16,85 дирами ҳозира 19,37 дирам маблағ пардохт мекунад.

Дар ин бора аз 25 сентябр қарори ҳукумат ба имзо расида, бо ин санад дастур дода мешавад, ки ба ҷуз КВД “Ширкати алюминии тоҷик”, ба ҳамаи дигар категорияҳои истеъмолгарон тарифҳои истифодаи барқ тасдиқ карда шавад.

Аз ҷумла пешниҳод мешавад, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ 15% – аз 16,85 дирами ҳозира то ба 19,37 дирам барои 1 кВт/соат бо назардошти ААИ боло бурда шавад.

Тарифҳо барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 47,13 дирам, истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 19,37 дирам, пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ – 6,73 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 19,37 дирам (аз 1 октябр то 31 март) ва барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 6,73 дирамро ташкил медиҳад.

Тарифҳо барои истифодаи барқ дар дегҳо ва таҷҳизоти барқӣ бо мақсади таъмини биноҳо бо оби гарм ва гармӣ – 116,77 дирам барои 1 киловатт (барои соҳаи ғайрибуҷетӣ) ва 34,51 дирам (барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ), барои пойгоҳҳои обкашие, ки оби нӯшокӣ медиҳанд (ба истиснои пойгоҳҳои обкашии инфиродӣ) ва обу корез – 9,20 дирам муқаррар шудааст.

ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷикистон” бо категорияи алоҳида дар санад илова шуда, аз 1 ноябр барои 1 квт/соат нерӯи барқ 8,28 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 47,13 дирам (аз 1 октябр то 31 март) маблағ пардохт мекунад.

Дар бораи тарифҳои пардохти маблағи нерӯи барқ барои Ширкати алюминии тоҷик дар санад маълумот дода нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиётӣ динӣ наздикӣ 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.