Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз “Қалъаи Ниҷоҷо” дар Япония

Дар ҷараёни сафари расмӣ ба Япония Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хиросима ташриф оварда, бо нишони эҳтироми баланд ва самимӣ ба таъриху тамаддуни мардуми Япония дар “Боғи ёдбуди сулҳ” дар зери Муҷассамаи ёдбуди қурбониёни бомбаи ҳастаӣ гулчанбар гузоштанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон баъди гузоштани гулчанбар дар назди ёдгории қурбониёни […]

Asia-Plus

Дар ҷараёни сафари расмӣ ба Япония Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хиросима ташриф оварда, бо нишони эҳтироми баланд ва самимӣ ба таъриху тамаддуни мардуми Япония дар “Боғи ёдбуди сулҳ” дар зери Муҷассамаи ёдбуди қурбониёни бомбаи ҳастаӣ гулчанбар гузоштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон баъди гузоштани гулчанбар дар назди ёдгории қурбониёни фоҷеа ва пас аз шиносоӣ бо осорхона дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошта, ба роҳбарияти осорхона ҳамчун рамзи эҳтиром туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Дар музофоти Киото Президенти Тоҷикистон бо Волии музофоти Киото Такатоши Нишивакӣ ва Раиси шаҳри Киото Дайсаку Кадокава мулоқот карда, дар сухани шодбошии худ Эмомалӣ Раҳмон сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Японияро баланд арзёбӣ намуда, аз ҷараёни рушду тавсеаи бемайлони онҳо изҳори қаноатмандӣ кард.

Баъди истиқболи самимии намояндагони воломақоми ҳукумати музофот ва шаҳри Киото ташрифи расмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳри қадима аз боздиди “Қалъаи Ниҷоҷо” оғоз шуд. Дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бештар ба парвариши боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Гуфта мешавад, майдони умумии қалъа 275 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва танҳо дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ биноҳои гуногун сохта шудааст. Ҳудуди қалъа асосан аз иморатҳои гуногуни таърихӣ ва боғҳо иборат мебошад. Дар маркази қалъа Қасри Ниномару ҷойгир аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ