Коҳиши содироти маҳсулоти ТАЛКО идома дорад

Ҳукумати Тоҷикистон ба афзоиши назарраси ҳаҷми содироти алюминий дар соли равон умедвор буд, лекин содироти алюминий, ки маҳсулоти асосии содиротии кишвар маҳсуб меёбад, аз ҳаҷми соли гузашта камтар шуда метавонад. Тӯли 8 моҳи соли равон Ширкати алюминии тоҷик ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии зиёда аз 130 млн. доллар беш аз 60 ҳазор тонна алюминий […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба афзоиши назарраси ҳаҷми содироти алюминий дар соли равон умедвор буд, лекин содироти алюминий, ки маҳсулоти асосии содиротии кишвар маҳсуб меёбад, аз ҳаҷми соли гузашта камтар шуда метавонад.

Тӯли 8 моҳи соли равон Ширкати алюминии тоҷик ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии зиёда аз 130 млн. доллар беш аз 60 ҳазор тонна алюминий содирот кардааст, хабар медиҳад Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон.

Яъне ширкат ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 7,5 ҳазор тонна алюминий ба хориҷи кишвар мефурӯшад. Бо чунин ҳаҷм то охири сол содироти он ҳамагӣ 90 ҳазор тоннаро ташкил дода метавонад, ки 13 ҳазор тонна ё худ 12,6% аз нишондиҳандаи соли гузашта камтар мебошад.

Ҳукумат ният дошт, ки давоми соли равон ба маблағи беш аз 317 млн. доллар 165 ҳазор тонна алюминий ба хориҷи кишвар содирот мешавад.

Мувофиқи пешгӯиҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар кишвар мебоист 168 ҳазор тоннаро ташкил медод.

Аммо нимсолаи аввали соли равон ҳамагӣ 55 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шуда, ду баробар афзудани ҳаҷми истеҳсол дар нимсолаи дуюм ба гумон аст.

Аввали нимсолаи дуюм раҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ қайд карда буданд, ки коҳиши ҳаҷми истеҳсоли алюминий давоми 6-7 соли охир идома дорад ва сабаби он пеш аз ҳама, ба нархи он дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Дар Вазорат умедворанд, ки соли оянда нархи алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба таври назаррас боло рафта, истеҳсоли алюминий дар ТАЛКО то 245 ҳазор тонна расонида мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.