Бонки миллии Тоҷикистон бинои нави бисёрошёна месозад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) паймонкорони ватаниву хориҷиро ба иштирок дар озмун оид ба омода намудани лоиҳаи ангоравии бинои нави на камтар аз 16 ошёнагии бинои нави Бонк даъват мекунад. Хоҳишмандони иштирок дар тендер лоиҳаҳои худро бояд то рӯзи 24 октябр пешниҳод намоянд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти БМТ. Аз рӯи лоиҳа бинои нави Бонки миллӣ бояд […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) паймонкорони ватаниву хориҷиро ба иштирок дар озмун оид ба омода намудани лоиҳаи ангоравии бинои нави на камтар аз 16 ошёнагии бинои нави Бонк даъват мекунад.

Хоҳишмандони иштирок дар тендер лоиҳаҳои худро бояд то рӯзи 24 октябр пешниҳод намоянд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти БМТ.

Аз рӯи лоиҳа бинои нави Бонки миллӣ бояд муосиру ҷавобгӯ ба Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва на камтар аз 16 ошёна бошад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита хабар дод, дар доиираи амалисозии Нақшаи генералии Душанбе бинои ҳозираи Бонки миллӣ кӯчонида шуда, ба ҷойи он гулгашт бунёд мегардад.

Сохтмони бинои ҳозираи Бонки миллӣ охири солҳои 80-ум оғоз гардида, нимаи дуюми солҳои 90-ум бинои сохтмонаш нотамомро Бонки миллӣ харидорӣ ва сохтмонашро анҷом дода, охири соли 2005 ба ин бино гузашт.

Бинои ҳозираи Бонки миллӣ дар хиёбони Рӯдакӣ майдони умумии 8,400 метри мураббаъро фаро гирифта, аз панҷ ошёна иборат ва бо таҷҳизоти муосири электронӣ таъмин аст.

Дар он 70 ҳуҷрати корӣ барои 500 нафар кормандони бонк, якчанд толорҳои бузург барои баргузории машварату маҷлисҳо, ҳуҷраи тиббӣ, толори варзишӣ, толор барои истироҳати кормандон ва ошхонаи калон сохта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио