Ҳунармандони театри Лоҳутӣ ба Ӯзбекистон раҳсипор шуданд

Як гурӯҳ хунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо роҳбарии директори театр Лутфулло Давлатзода рӯзи 3 октябр ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон раҳсипор шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, мақсади сафар намоиши мазҳакаи «Ҷиноят ва ҷазо» ба мардуми Бухоро ва Самарқанд мебошад. Гуфта мешавад, аз ҷумла, намоишнома рӯзи 5 октябр дар […]

Asia-Plus

Як гурӯҳ хунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо роҳбарии директори театр Лутфулло Давлатзода рӯзи 3 октябр ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон раҳсипор шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, мақсади сафар намоиши мазҳакаи «Ҷиноят ва ҷазо» ба мардуми Бухоро ва Самарқанд мебошад.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, намоишнома рӯзи 5 октябр дар шаҳри Самарқанд ва рӯзи 6 октябр дар шаҳри Бухоро манзури тамошобинон мегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки «Ҷиноят ва ҷазо» ба қалами Михаил Зошенко тааллуқ дошта, онро коргардон Абдукарим Машраб рӯи саҳна овардааст.

Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишварҳо ин нахустин сафари ҳунармандони тетари Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя аст. Тобистони ҳамин сол ҳунармандони Театри лавлатии мусиқии драма ва мазҳакаи Муқимии Ӯзбекистон низ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.