Иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба доштани сомона дар интернет уҳдадор мекунанд

Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз масъалаи марбут ба ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” баррасӣ мекунад. Мувофиқи тағйироту иловаҳои мазкур, ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба доштани сомонаи худ дар шабакаи интернет уҳдадор мешаванд, ки бояд дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз масъалаи марбут ба ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” баррасӣ мекунад.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои мазкур, ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба доштани сомонаи худ дар шабакаи интернет уҳдадор мешаванд, ки бояд дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумон, вакил Олим Салимзода.

Зимнан зикр гардид, ки тағйироту иловаҳои мазкур ба тақвияти мубориза бо пулшӯйӣ, ҳамчунин пешгирии маблағгузорӣ ба созмонҳои террористиву ифротгаро нигаронида шудааст.

Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ” соли 2007 қабул шуда, муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба истифодаи ҳуқуқи шаҳрвандонро ба муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ танзим мекунад.

Амали қонун ба ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятии бо тартиби муқаррарӣ таъсисёфта, ба ҷуз иттиҳодияҳои ҷамъиятие (созмону ташкилотҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ), ки тартиби таъсис ва амали онҳо бо қонунҳои ҷудогона танзим мешаванд, дахл дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.