“Олами китоб”-и Душанбе кӯчонида, ба ҷойи он бинои баландошёна сохта мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе кӯчонидани бинои мағозаи “Олами китоб” (собиқ Олами кӯдакон) дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Лоҳутӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ошёнаи якуми ин бино мағозаҳо, аз ҷумла “Олами китоб”, дар ошёнаҳои дуюму сеюм хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Дар ҷойи ин бино ширкати “Шаҳри зебои ман” сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматиро ба нақша гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре чанде аз сокинони ин бино ба “Азия-Плюс” хабар доданд, онҳо ба шартҳои ширкати сохтмон розӣ набуда, аз ин рӯ, дар мавриди кӯчонидани бино ба прокуратура эътироз овардаанд.

“Барои як метри мураббаъи хонаҳоямон ба мо 600 доллар пешниҳод мекунанд, лекин мо 1,5 ҳазор доллар талаб дорем”, – гуфтанд онҳо.

Сокинон изҳор намуданд, ки аввали соли равон намо (фасад) ва низоми обтаъминкунии бино аз ҳисоби буҷети шаҳр пурра аз таъмир бароварда шуд.

“Агар кӯчонидани бино ба нақша гирифта шуда бошад, пас чаро ба таъмири он пулҳои буҷет харҷ шуданд? Ин биноро метавон ба рӯйхати мероси арзишманди меъмории шаҳри Душанбе дохил кард”, – чунин мешуморанд сокинони бино.

Ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки бо намояндагони ширкати “Шаҳри зебои ман” тамос гирифта, шарҳи онҳоро бобати ин масъала пешниҳод намояд.

Ин бино нимаи солҳои 50-ум сохта шуда, дар ошёнаи якуми он мағозаи “Олами кӯдакон” (Детский мир) ва дар ошёнаҳои боло манзилҳои истиқоматӣ ҷойгир аст. Замоне дар ин хонаҳо сиёсатмадорону нависандагон, ҳунармандону коргардонҳо ва арбобони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз зумраи аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммедов, ҳунармандони халқӣ Тӯтӣ Ғаффорова, Маргарита Қосимова, нависанда Ҳабибулло Назаров ва дигарон зиндагӣ кардаанд.

Нимаи солҳои 80-ум мағозаи “Олами кӯдакон” ба мавзеи наздикии Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) кӯчонида шуда, ба ҷойи он универмаги “Олами китоб” кушода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...