“Олами китоб”-и Душанбе кӯчонида, ба ҷойи он бинои баландошёна сохта мешавад

Дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе кӯчонидани бинои мағозаи “Олами китоб” (собиқ Олами кӯдакон) дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Лоҳутӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ошёнаи якуми ин бино мағозаҳо, аз ҷумла “Олами китоб”, дар ошёнаҳои дуюму сеюм хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт. Дар ҷойи […]

Дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе кӯчонидани бинои мағозаи “Олами китоб” (собиқ Олами кӯдакон) дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Лоҳутӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ошёнаи якуми ин бино мағозаҳо, аз ҷумла “Олами китоб”, дар ошёнаҳои дуюму сеюм хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Дар ҷойи ин бино ширкати “Шаҳри зебои ман” сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматиро ба нақша гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре чанде аз сокинони ин бино ба “Азия-Плюс” хабар доданд, онҳо ба шартҳои ширкати сохтмон розӣ набуда, аз ин рӯ, дар мавриди кӯчонидани бино ба прокуратура эътироз овардаанд.

“Барои як метри мураббаъи хонаҳоямон ба мо 600 доллар пешниҳод мекунанд, лекин мо 1,5 ҳазор доллар талаб дорем”, – гуфтанд онҳо.

Сокинон изҳор намуданд, ки аввали соли равон намо (фасад) ва низоми обтаъминкунии бино аз ҳисоби буҷети шаҳр пурра аз таъмир бароварда шуд.

“Агар кӯчонидани бино ба нақша гирифта шуда бошад, пас чаро ба таъмири он пулҳои буҷет харҷ шуданд? Ин биноро метавон ба рӯйхати мероси арзишманди меъмории шаҳри Душанбе дохил кард”, – чунин мешуморанд сокинони бино.

Ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки бо намояндагони ширкати “Шаҳри зебои ман” тамос гирифта, шарҳи онҳоро бобати ин масъала пешниҳод намояд.

Ин бино нимаи солҳои 50-ум сохта шуда, дар ошёнаи якуми он мағозаи “Олами кӯдакон” (Детский мир) ва дар ошёнаҳои боло манзилҳои истиқоматӣ ҷойгир аст. Замоне дар ин хонаҳо сиёсатмадорону нависандагон, ҳунармандону коргардонҳо ва арбобони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз зумраи аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммедов, ҳунармандони халқӣ Тӯтӣ Ғаффорова, Маргарита Қосимова, нависанда Ҳабибулло Назаров ва дигарон зиндагӣ кардаанд.

Нимаи солҳои 80-ум мағозаи “Олами кӯдакон” ба мавзеи наздикии Фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) кӯчонида шуда, ба ҷойи он универмаги “Олами китоб” кушода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.