Дар Душанбе Рӯзи ҷаҳонии озуқавориро ҷашн мегиранд

Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ чорабинӣ доир мегардад, ки мавзӯи он яке аз ҳадафҳои дуюм дар самти рушди устуворро дар бар мегирад. Бино ба маълумоти намояндагии Барномаи ҷаҳони озуқаи СММ дар Тоҷикистон, ҳадафи дуюм натанҳо ба аз байн бурдани гуруснагӣ, балки ба беҳбуди истеъмоли ғизо ва ноил гардидан ба устувории […]

Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ чорабинӣ доир мегардад, ки мавзӯи он яке аз ҳадафҳои дуюм дар самти рушди устуворро дар бар мегирад.

Бино ба маълумоти намояндагии Барномаи ҷаҳони озуқаи СММ дар Тоҷикистон, ҳадафи дуюм натанҳо ба аз байн бурдани гуруснагӣ, балки ба беҳбуди истеъмоли ғизо ва ноил гардидан ба устувории истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ нигаронида шудааст.

Дар ин чорабинӣ кормандони вазорату идораҳои гуногун, намояндагиҳои дипломатӣ, сохторҳои СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ иштирок мекунанд.

Барномаи чорабинӣ аз ҳунарнамоии гурӯҳи рақсии кӯдакон, баргузории намоишгоҳи расмҳои кӯдакон ва тақдими мукофотҳо ба ғолибони озмуни эълоншуда аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Барномаи ҷаҳони озуқаи СММ, маълумот дар бораи таърихи ба комёбиҳо расидани фермерон, намоишномаи театри лӯхтак, бозиҳои интерактивӣ барои кӯдакон “Мактаби тарзи ҳаёти солим” иборат аст. 

Ҳамчунин дар доираи Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ имрӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз соати 10:30 то 12:30 дақиқа бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон ва олимону коршиносони соҳаи озуқа ва бахши кишоварзӣ дар мавзӯи “Ояндаи мо дар дасти худамон аст” музокироти кушод баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озуқаворӣ дар беш аз 150 кишвари саросари дунё баргузор гардида, рӯз дар тақвими СММ яке аз санаҳое мебошад, ки ба таври густурда ҷашн гирифта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.