Оғози Кинофестивали VIII байналмилалии «Дидор» дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик 8-умин  Кинофестивали байналмилалии «Дидор»  баргузор мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мунаққиди соҳаи кино Саъдулло Раҳимов хабар иедищад, дар кинофестивали мазкур  филмҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Муғулистон, Украина, Эстония, Гурҷистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Ӯзбекистон  ба намоиш гузошта мешаванд. Гуфта мешавад, дар Кинофестивали байналмилалии […]

АМИТ «Ховар»

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик 8-умин  Кинофестивали байналмилалии «Дидор»  баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мунаққиди соҳаи кино Саъдулло Раҳимов хабар иедищад, дар кинофестивали мазкур  филмҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Муғулистон, Украина, Эстония, Гурҷистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Ӯзбекистон  ба намоиш гузошта мешаванд.

Гуфта мешавад, дар Кинофестивали байналмилалии «Дидор»  тӯли 5  рӯз беш  аз 60 филми гуногунҳаҷм намоиш дода мешаванд.

Ба  иттилои манбаъ, Кинофестивал имрӯз, соати  10:00 дар театри ба номи А. Лоҳутӣ ифтитоҳ меёбад. Дар  Кинофестивали байналмилалии «Дидор»   зиёда аз 20 филми тоҷикӣ ба намоиш гузошта мешаванд, ки аз ин шумора  9 филм пурра ва 12 –тояш филмҳои  кӯтоҳметраж  мебошанд.

Қайд мешавад, ки инчунин дар доираи кинофестивал «Барномаи ҳамсояҳо» доир шуда, филмҳо аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон намоиш дода мешаванд.

Ёдрас мешавад, ки 16 октябр дар Тоҷикистон  Рўзи кинои тоҷик таҷлил гардида, бахшида ба ин рӯз ҳамасола аз 16 то 20 октябр  Кинофестивали байналмилалии «Дидор» доир мегардад.

Зикр мегардад, ки кинои тоҷик фаъолияти худро 11 сентябри соли 1929 оғоз намуда, дар тўли 88 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос кардааст. Кинои тоҷик тӯли ин солҳо ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро то андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар доираи Кинофестивали байналмилалии «Дидор» намоиши   филмҳо ҳамарӯза   аз соати 10:00 то 20:00 тавассути 5 намоиш пешниҳод  мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.