Вакил: аҳолӣ 27 сол ҷорӣ кардани тартиботро дар Хоруғ интизор буд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аксарияти кулли сокинони ВМКБ зимни сафари моҳи сентябри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа аз Сарвари давлат ташаббуси ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар вилоят, асосан дар шаҳри Хоруғро интизорӣ доштанд, изҳор дошт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, академики АИ Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев.

Ба гуфтаи ӯ, аҳолӣ интизор буд, ки кай дар Хоруғ волоияти қонун таъмин шуда, ҳамаи силоҳу муҳимоти ҷангии ғайриқонунӣ нигаҳдоришуда дар дасти гурӯҳҳои ҷиноятпеша мусодира мешавад.

“Кӣ намехоҳад, ки дар хонааш тартибот ҷорӣ бошад, то ки ҳеҷ чизе ба бехатариву амнияти кӯдаконаш таҳдид намояд, аз ин рӯ, аҳолии ВМКБ комилан президентро ҷонибдорӣ кард, зеро ҷинояткорон пеш аз ҳама ба дили худи онҳо задаанд”, – қайд кард Фелалиев.

Бино ба маълумоти ӯ, баъди интиқоди президент бо ташаббуси худи аҳолии Хоруғ гурӯҳҳои ташаббускор ташкил шуда, ба мақомот дар бесилоҳ гардонидани дастаҳои ҷиноятпеша ва ихтиёрӣ ба мақомот омадани шахсони алоҳида, ки барои содир намудани ҷиноятҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, кумаки назаррас расонида шуд.

Муовини раиси палатаи поёнии парлумон бовар дорад, ки ояндаи наздик ҳукуматдорони маҳаллӣ, сохторҳои қудратӣ ва худи аҳолии маҳаллӣ дар шаҳри Хоруғ волоияти қонун ва тартиботро ҷорӣ мекунанд.

Хотиррасон шуд, ки санаи 18 сентябр Сарвари давлат 4 нафар муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ ва раисони ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаро аз мансаб барканор кард. Бо дастури президент раиси суди вилоят, Раёсати ВКД, сардорони БДА шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

“Рӯзи 1 октябр Президент раиси вилоят Шодихон Ҷамшедро низ аз вазифа озод карда, ба ҷойи ӯ Ёдгор Файзовро таъин намуд. Ин дафъа Президент нишон дод, ки қотеъона дар қаламрави ВМКБ тартиботро ҷорӣ карданист. Инро аҳолии ВМКБ муддати беш аз 27 сол интизор буд”, – илова кард Фелалиев.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...