Қисмати бади сухангӯёни Хадамоти гумруки Тоҷикистон: 3 тан ҳалок ва яке ба ДИ гурехт

Дирӯз дар Душанбе ҷасади сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон полковник Фахриддин Собировро ба хок супурданд. Ӯ аз афтодан бар асари фишори баланд ба ҳалокат расид. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ин хусус изҳороти расмӣ пахш намуд: Собиров лату кӯб нашуда, бар асари фишори баланд худаш ба замин афтидааст. Дар натиҷа сараш […]

Дирӯз дар Душанбе ҷасади сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон полковник Фахриддин Собировро ба хок супурданд. Ӯ аз афтодан бар асари фишори баланд ба ҳалокат расид.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ин хусус изҳороти расмӣ пахш намуд: Собиров лату кӯб нашуда, бар асари фишори баланд худаш ба замин афтидааст. Дар натиҷа сараш ба асфалт бархӯрда, ҷароҳати вазнин бардошт. Инро кормандони милитсия бо истифода аз имкониятҳои техникии камераҳои Маркази худкори «Шаҳри бехатар» ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян намуданд. Фахриддин Собиров дар бемористон ба ҳуш наомада, рӯзи 15 октябр аз олам даргузашт.

Садамаҳои нақлиёт

Ин ҳодисаи аввали ҳалокати кормандони Хадамоти гумрук нест. Моҳи ноябри соли 2008 сардори маркази матбуоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ подполковник Абдурасул Шарипов бар асари садамаи нақлиёт ба ҳалокат расид. Ӯро шаби 24 ба 25 ноябр дар қаламрави маҳаллаи 82-юми пойтахт автомашинаи тамғаи “Жигули” пахш кард.

Моҳи августи соли 1999 сарнозири маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон майор Сергей Ситковский бар асари зери чархи автомашинаи номаълум мондан дар қаламрави бозори “Султони Кабир” ҳалок шуд. Гунаҳкори ҳодиса то ҳол дарёфт нашудааст.

Як фирор ба Давлати исломӣ

Моҳи майи соли 2015 Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуюми полковники фироркарда ба Давлати исломӣ Гулмурод Ҳалимов, ҳамроҳи чор фарзандаш ба Сурия рафта, ба сафҳои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” пайваст.

Ҳумайро Мирова то соли 2015 дар дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон фаъолият намуда, рутбаи капитанро дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.