Барои як коса шӯрбо дар Тоҷикистон чӣ қадар кор кардан лозим аст?

Мутахассисони Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ натиҷаҳои таҳқиқотеро омода намуданд, ки дар он чӣ арзиш доштани як коса шӯрбо дар кишварҳои гуногун ва чӣ миқдор фоизи даромади худро ба он сарф кардани одамонро барои тайёр кардани он муайян карданд. Дар штати осудаву некӯаҳволи Ню-Йорк ба гунаи мисол барои тайёр кардани як коса шӯрбо сокини маҳаллӣ ним фоизи […]

Мутахассисони Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ натиҷаҳои таҳқиқотеро омода намуданд, ки дар он чӣ арзиш доштани як коса шӯрбо дар кишварҳои гуногун ва чӣ миқдор фоизи даромади худро ба он сарф кардани одамонро барои тайёр кардани он муайян карданд.

Дар штати осудаву некӯаҳволи Ню-Йорк ба гунаи мисол барои тайёр кардани як коса шӯрбо сокини маҳаллӣ ним фоизи даромади миёнаи якрӯзаи худро харҷ мекунад.

Дар Судони Ҷанубӣ бошад, ин таносуб сесад маротиба бештар аст – сокини ин кишвар барои харидани маҳсулот ва тайёр кардани чунин хӯрок бояд ду рӯз кор кунад, хабар медиҳад Маркази итттилооти СММ.

Дар маълумот қайд мешавад, ки ба сокини Тоҷикистон барои омода кардани як коса ин навъи хӯрок харҷи 9 фоиз ва дар Қирғизистон – 10,4 фоиз аз даромади миёнаи рӯзонааш лозим меояд.

Дар Тоҷикистон ҳадди ақали музди меҳнат ба 400 сомонӣ (42 доллар) ва маоши миёна ба 1 ҳазору 112 сомонӣ (наздики 120 доллар) баробар аст.

Айни замон 821 миллион нафар дар ҷаҳон гуруснагӣ мекашанд. Наздики 155 млн. нафар кӯдакон дар саросари ҷаҳон аз лоғарӣ азият кашида, ҳудуди нисфи марги хурдсолон ба гуруснагӣ марбут аст. Дар ин бора Дабири кулии СММ Антониу Гутерриш дар паёми худ ба муносибати Рӯзи ҷаҳониии озуқаворӣ, ки ҳамасола 16 октябр таҷлил мегардад, хотиррасон менамояд.

Дар СММ таъкид месозанд, ки ғизо натанҳо дастрас, балки хушсифат ҳам бояд бошад, дар акси ҳол, лоғариро фарбеҳӣ иваз мекунад, ки ин ҳам ба солимӣ хатар дорад.

Роҳбари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) Гратсиану да Силва зикр кардааст, ки истеъмоли маҳсулоти аз рӯи технолгияҳо коркардшуда бо таркиби баланди равғану чарб, қанд, намак ва иловаҳои кимиёвӣ ба фарбеҳшавии одамон боис мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.