ВМКБ, натиҷаҳо: мусодираи 183 адад силоҳ ва беш аз 4,3 ҳазор лавозимоти ҷангӣ

Тадбирҳои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар ВМКБ идома ёфта, аҳолии осоишта набояд аз он дар ташвиш бошанд, гуфт раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов. Тӯли як моҳи сипаришуда аз аҳолии вилоят 183 адад аслиҳа ва беш аз 4,3 ҳазор лавозимоти ҷангӣ (тир, муҳимот ва ғайра) мусодира гардида, дар ташкили ҳаракати нақлиёт дар […]

Тадбирҳои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар ВМКБ идома ёфта, аҳолии осоишта набояд аз он дар ташвиш бошанд, гуфт раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов.

Тӯли як моҳи сипаришуда аз аҳолии вилоят 183 адад аслиҳа ва беш аз 4,3 ҳазор лавозимоти ҷангӣ (тир, муҳимот ва ғайра) мусодира гардида, дар ташкили ҳаракати нақлиёт дар Хоруғ тартибот ҷорӣ шуд, изҳор дошт Саймумин Ятимов дар ҷаласаи Ситоди байниидоравии таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ, хабар дод барномаи “Ахбор”-и ТВ “Бадахшон”.

Раиси КДАМ қайд кард, ки ҷараёни мусодираи аслиҳа ва боздошти ҷинояткорони эҳтимолие, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, идома меёбад.

“Аҳолии осоишта ва сокинони ВМКБ, ки қонунро риоя ва ба он эҳтиром мегузоранд, набояд дар ташвишу нигаронӣ бошанд, онҳо зери ҳимояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонунҳои Тоҷикистон мебошанд”, – иброз дошт Ятимов.

Дар ҳамин ҳол, прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ин ҷаласа изҳор намуд, ки агар ояндаи наздик беш аз 71 млн. сомонии аз ҷониби бонкҳо ба аҳолии вилоят қарздодаи бонкҳо баргардонида нашавад, нисбати чунин қарздорон парвандаҳои ҷиноӣ боз мешаванд.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов изҳор намуд, ки барои ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини волоияти қонун дар қаламрави вилоят як моҳ муҳлат кофӣ нест. “Мо ҳатман супориши президентро иҷро мекунем, вале барои ин вақт лозим аст”, – гуфт Файзов.

Ёдрас мекунем, ки ба ҳайати Ситоди байниидоравии таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ намояндагони сохторҳои қудратӣ ва раҳбарияти вилоят шомиланд. Ситод бо ҳаллу фасли масъалаҳои ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ, мусодираи силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ аз аҳолӣ, боздошти гумонбарон ба содир кардани ҷиноятҳо, ки мавриди пайгард қарор доранд, машғул аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.