СММ ба хотимаи санҷиши бокирагии духтарон даъват кард

Коршиносони СММ бо нашри матлабе гуфтаанд, ки санҷиши бокирагӣ як падидаи тиббӣ аст, ки дасти кам дар 20 кишвари ҷаҳон анҷом мешавад. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин санҷишро табибон ва ё ходимони полис бо талаби волидон ва ё домодҳои номзад анҷом медиҳанд. Ҳадафи онҳо санҷидани ин аст, ки оё духтар алоқаи ҷинсӣ кардааст ё […]

Радиои Озодӣ

Коршиносони СММ бо нашри матлабе гуфтаанд, ки санҷиши бокирагӣ як падидаи тиббӣ аст, ки дасти кам дар 20 кишвари ҷаҳон анҷом мешавад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин санҷишро табибон ва ё ходимони полис бо талаби волидон ва ё домодҳои номзад анҷом медиҳанд. Ҳадафи онҳо санҷидани ин аст, ки оё духтар алоқаи ҷинсӣ кардааст ё на.

Гуфта мешавад, дар бархе ҳолатҳо аз ин санҷиш духтароне мегузаранд, ки қурбонии таҷовузи ҷинсӣ шудаанд ва санҷиши тиббӣ ҷой доштани ҳолати таҷовузро тасдиқ ё рад мекунад. Мутахассисони СММ санҷиши бакоратро як ҳолати бисёр таҳқиромез меноманд ва мегӯянд, ки он ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунад ва ба сиҳҳатии табииву равонии онҳо таъсири манфӣ мегузорад.

Ин нукта дар як изҳороти муштараки Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Идораи ҳуқуқи башар ва бахши СММ дар умури занон зикр шудааст, ки дар остонаи шурӯи анҷумани гинеколог ва акушерҳои ҷаҳон дар Бразилия чоп шуд.

Муаллифони ин изҳорот даъват мекунанд, ки бояд таҷрибаи бисёр дардноку таҳқиромез ва осебгузори санҷиши бакорат, дар ҳолате, ки зарурати тиббии анҷоми чунин санҷиш вуҷуд надорад, бояд хотима дода шавад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки мавзӯи бакорати духтарон ва нобоварии домодҳои ҷавон ба покдомании арӯсони ҷавон то рафт дарднок мешавад.

Марказҳои махсуси тиббӣ чунин санҷишҳоро пеш аз арӯсии духтарҳо ҳам анҷом дода ба дасташон санад медиҳанд, ки пардаи бакорати духтар канда нашудааст. Ин ба маънои надоштани алоқаи ҷинсии ӯ мебошад.

Дар ҷомеаи мусалмонтабори Тоҷикистон бокира будани духтар яке аз меъёрҳои қадимаи арзёбии покдомании духтарон қабул шудааст, ҳарчанд мунаққидони ин падида мегӯянд, чунин тақозо дигар кӯҳнаву қадима мебошад ва набояд ҳамчун меъёри покизагии духтар қабул шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.