Сокини 80-солаи Самарқанд ба кӯдакон китобхониро омӯзонд

Сокини 80-солаи шаҳри Самарқанд Шарофбобо Мамадалиев дар синни 80-солагӣ тасмим гирифт, ки ба тарбияи насли наврас машғул шавад. Ӯ ба онҳо панду насиҳатхонӣ накарда, дар хонааш барои кӯдакон китобхонаи бепули ҷамъиятӣ боз кард. Нахуст ӯ интизор буд, ки танҳо кӯдакони гирду атрофи хона ва ҳамсояҳо ба китобхонааш меоянд, лекин баъди чанде кӯдакон ва ҳатто калонсолон […]

Asia-Plus

Сокини 80-солаи шаҳри Самарқанд Шарофбобо Мамадалиев дар синни 80-солагӣ тасмим гирифт, ки ба тарбияи насли наврас машғул шавад. Ӯ ба онҳо панду насиҳатхонӣ накарда, дар хонааш барои кӯдакон китобхонаи бепули ҷамъиятӣ боз кард.

Нахуст ӯ интизор буд, ки танҳо кӯдакони гирду атрофи хона ва ҳамсояҳо ба китобхонааш меоянд, лекин баъди чанде кӯдакон ва ҳатто калонсолон низ аз дигар маҳаллаҳо ба китобхонаи ӯ мароқ зоҳир намуданд. Ғайр аз ин, чанде аз онҳо бо изҳори миннатдорӣ ба китобхонаи бобо китобҳои нав тақдим намуданд.

Айни замон дар китобхона беш аз 2000 нусха китоб ҳаст. Аз адабиёти бадеӣ ин ҷо метавон ҳикояҳои Жюл Верн, Даниел Дефо, Пушкин, Лермонтов, Расул Ғамзатов, Чингиз Айтматов ва дигар адибони оламшумулро дарёфт кард.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Бо маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо ворид шудан ба суроғаи зерин шинос шуда метавонед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.