Ӯзбекистон ба интиқоли мошинҳои боркаши худ ба Тоҷикистон шурӯъ намуд

Ширкати муштараки Ӯзбекистону Олмон «JV MAN Auto-Uzbekistan» ба Тоҷикистон 14 адад мошиниҳои боркаш (самосвал)-и тамғаи MAN мефиристад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ШС «Узавтосаноат». Қайд мешавад, ки «JV MAN Auto-Uzbekistan» бо ширкати «Экспериментальный механический завод»-и Тоҷикистон оид ба таҳвили 14 адад мошини боркаши MAN TGS 41.400 8×4 BB ба маблағи наздики 1,5 млн. доллар қарордод ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати муштараки Ӯзбекистону Олмон «JV MAN Auto-Uzbekistan» ба Тоҷикистон 14 адад мошиниҳои боркаш (самосвал)-и тамғаи MAN мефиристад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ШС «Узавтосаноат».

Қайд мешавад, ки «JV MAN Auto-Uzbekistan» бо ширкати «Экспериментальный механический завод»-и Тоҷикистон оид ба таҳвили 14 адад мошини боркаши MAN TGS 41.400 8×4 BB ба маблағи наздики 1,5 млн. доллар қарордод ба имзо расонидааст.

Дар «Узавтосаноат» таъкид месозанд, ки то имрӯз ба маблағи ҳудуди 1,2 млн. доллар аллакай 11 мошин барои интиқол омода шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон КМ «JV MAN Auto-Uzbekistan» бо ширкати тоҷикистонии «Глобал Лизинг» доир ба додугирифти автомобилҳои боркаш созишнома ба имзо расонид.

Мувофиқи санади баимзорасида, ширкати Ӯзбекистону Олмон давоми соли 2018 бояд ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 5 млн. доллар мошинҳои боркаш фиристад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.