Тоҷикдухтар худро аз ошёнаи 13-уми меҳмонхонаи Макка ба замин партофт

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ҷавонзани 22-солаи тоҷик, ки барои адои маросими ҳаҷҷи умра ба Макка рафта буд, худро аз ошёнаи 13-уми меҳмонхонаи назди масчиди Ал-Ҳарами ин шаҳр ба замин партофт.

Дар Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” ин далели худкуширо тасдиқ намуда, изҳор дошанд, ки ин ҷавонзан сокини шаҳри Душанбе Моҳира Мансурова мебошад.

“Ӯ ҳамроҳи шавҳару бародар ва ҳамсари бародараш барои адои маросими ҳаҷҷи умра рафт. Зимни муоинаи тиббии пеш аз сафар ба ҳаҷ дар ӯ бемориҳои рӯҳӣ ва дигар касалиҳо ошкор нашуда буд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи дин Афшин Муқим.

Ба гуфтаи ӯ, волидони ҷавонзан дар ниҳояти кор иқрор шудаанд, ки ӯ бемории рӯҳӣ дошта, баъзан он шиддат мегирифтааст, лекин духтарашон бисёр хоҳиши ҳаҷ карданро доштаааст ва онҳо хоҳиши ӯро рад карда натавониста, бемории ӯро пинҳон нигоҳ доштаанд.

Маҳз бо ҳамин сабаб, ба қавли Афшин Муқим, онҳо шавҳару бародар бо ҳамсарашро ҳамроҳи ӯ ба ҳаҷ фиристодаанд, то ки ӯро назорату нигоҳубин кунанд.

“Рӯзи 21 октябр пеш аз намози шом Моҳира ба ҳамсари бародараш мегӯяд, ки барои таҳорат ба яке аз ҳуҷраҳои назди масчид меравад. Тавре камераҳои мушоҳидаи видео нишон медиҳанд, соати 18:19 ӯ аз масчид баромада, ба ҳуҷраи худ дар ошёнаи 13-уми меҳмонхона меравад ва баъди чанд дақиқа худро аз тирезаи он ба берун мепартояд”, – хабар дод Афшин Муқим.

Зимнан зикр гардид, ки волидони Моҳира ҳуҷҷатеро ба таври нотариалӣ тасдиқ кардаанд, ки дар он ҳеҷ касеро дар марги духтарашон гунаҳкор намедонанд ва розигӣ додаанд, ки ҷасади Моҳира дар сарзамини муқаддас дар Арабистони Саудӣ ба хок супурда шавад.

Қобили зикр аст, ки ба корҳои фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба адои маросими ҳаҷҷи умра ду ширкат – “Расул” ва ҶДММ “Ормон” машғуланд.

Ҳаҷҷи умра адои маросими хурди зиёрати Макка буда, на дар рӯзҳои таъиншуда барои ҳаҷҷи фарз, балки дар ҳама гуна вақти дигар иҷро мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...