Баррасии дархостҳои дастрасӣ ба қарзҳои Ӯзбекистон дар «Амонатбонк»

Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ҷиҳати қарздиҳӣ ба таҳвили молу маҳсулоти Ӯзбекистон беш аз 10 дархост гирифт, хабар доданд ба “Азия-Плюс” дар бонки мазкур. Ин қарзҳо дар доираи созишномаи баимзорасида байни “Амонатбонк” ва Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон дар бораи маблағгузорӣ ба тиҷорат дода мешаванд. Дар ин ҳолат “Амонатбонк” ба сифати кафил иштирок мекунад, яъне […]

Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ҷиҳати қарздиҳӣ ба таҳвили молу маҳсулоти Ӯзбекистон беш аз 10 дархост гирифт, хабар доданд ба “Азия-Плюс” дар бонки мазкур.

Ин қарзҳо дар доираи созишномаи баимзорасида байни “Амонатбонк” ва Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон дар бораи маблағгузорӣ ба тиҷорат дода мешаванд.

Дар ин ҳолат “Амонатбонк” ба сифати кафил иштирок мекунад, яъне ба ширкатҳои тоҷикистонӣ мактуби кафолатнок медиҳад, ки тариқи он ширкатҳо метавонанд аз Ӯзбекистон молу маҳсулот гиранд.

Минбаъд ширкатҳои тоҷикистонӣ қарзро (бо сомонӣ) ба “Амонатбонк” пардохт мекунанд, ки дар навбати худ воситаҳоро ба асъор мубодила карда, онро ба бонки Ӯзбекистон бармегардонад.

“Дар доираи Созишномаи қарз ба маблағгузории тиҷорат бонк доир ба воридоти металлопрокат, нуриҳои минералӣ, зироати ғалладона, панҷараҳои пластикӣ ва дигар маҳсулот дар маҷмӯъ беш аз 10 дархост гирифта, баъзе дархостҳо бинобар сабаби доштани таърихи манфии қарзгирӣ, пардохтнопазир будани муштариён ва мутобиқ набудан ба меъёрҳои созишнома рад карда шуданд”, – гуфтанд дар Амонатбонк.

Қаблан раиси “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ба журналистон хабар дода буд, ки дар доираи созишномаи баимзорасида бо бонки Ӯзбекистон, ба интиқолдиҳандагони молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар маҷмӯъ ҷудо кардани 33 млн. доллар пешбинӣ мешавад.

Ӯ қайд кард, ки баъди ба имзо расидани санад ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулот ба Тоҷикистон, ки ба интиқоли маҳсулоти Ӯзбекистон хоҳиш доранд, метавонанд то 1 млн. доллар қарз гиранд.

Зимнан зикр гардида буд, ки қарзҳои Ӯзбекистон ба муҳлати аз 1 то 3 сол дода мешаванд, яъне барои молу маҳсулоти ниёзи мардум – ба муддати 1 сол ва барои таҷҳизот – то 3 сол. Агар муҳлати қарз 1 сол бошад, меъёри фоиз ба он 8%-и солона ва беш аз 1 сол – 9%-и солонаро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.