Дархости расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон аз Вячеслав Володин

Asia-Plus

Дар Думаи Давлатии Русия имрӯз вохӯрии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Думаи Давлатии Русия Вячеслав Володин баргузор шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз раиси Думаи Давлатии Русия дархост намуд, ки ба расонидани кумаки ҳуқуқӣ дар масъалаи ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷикистонии дар ин кишвар ҳузурдошта мусоидат намояд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ тариқи телефон аз ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Маскав.

Бино ба гуфтаи манбаъ, зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи Володинро ба зарурати таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷониби корфармоён дар Русия ҷалб кардааст.

Дар ҳамин ҳол, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон таъкид доштааст, ки нисбат ба кишвари худ, нафъи муҳоҷирони корӣ ба кишвари будубош бештар аст.

Ҷонибҳо ҳамчунин масоиди суғуртаи муҳоҷирон дар Русия ва фарогирии фарзандони онҳо ба таҳсилро дар муассисаҳои таълимии Русия низ баррасӣ намуданд.

Володин ба Убайдуллоев ваъда дод, ки дар доираи салоҳиятҳои худ ба ҳаллу фасли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Убайдуллоев ҳамчунин аз аъзои парлумони Русия дархост намуд, ки имкони кумакро ба сохтмони боз як мактаби дигари таҳсилаш бо забони русӣ дар Душанбе баррасӣ намоянд.

Володин дар навбати худ қайд кард, ки муносибати Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, тайи 7 моҳи соли равон ҳаҷми муомилот байни кишварҳо 34,9% афзуд, ки гувоҳи ин гуфтаҳост.

“Бо назардошти забони муоширати байнумилалӣ будани забони русӣ дар Тоҷикистон тибқи Конститутсия, ин барои мо омили муҳими ва асоси рушди муносибатҳо мебошад. Ин ба мову шумо имкон медиҳад, ки аз ҷумла барномаҳоро дар соҳаи маориф пурсамар амалӣ созем”, – иброз доштааст ӯ.

Раиси Думаи Давлатии Русия ҳамчунин зикр кард, ки шумори зиёди донишҷӯёни Тоҷикистон дар Русия таҳсил дошта, айни замон сохтмони 5 мактаб дар Тоҷикистон идома дорад, ки дар онҳо забони русӣ омӯхта мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи сафар ба Русия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентии кишвар дар кори Форуми шашуми байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» иштирок мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...