Интиқоли ҷасади писарчаи тоҷики дар ҳавопаймо ҳалокшуда ба Душанбе

Asia-Plus

Рӯзи ҷумъа ҷасади писарчаи 4-солаи точик Муҳаммадҷон Ализода, ки дар ҳавопаймои ширкати “ЮТэйр” шаби 23 октябр даргузашт, бо хатсайри мустақим аз Самара ба Душанбе оварда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова хабар дод.

Писарчаи фавтида сокини деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод буда, баъди дидору чанде меҳмонӣ назди волидонаш – муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамроҳи амакаш аз Маскав ба Душанбе раҳсипор буд.

Ӯ ҳангоми парвоз даргузашта, сабабҳои фавташ алҳол муайян карда нашудааст. Айни замон ҷасади ӯ дар мурдахонаи шаҳри Оренбург, ки ҳавопаймо таъҷилӣ фурудгоҳи ин шаҳр нишаста буд, нигаҳдорӣ мешавад.

“Чун ҳоло ҷасади писарча дар Оренбург аст, мо алҳол наметавонем бигӯем, ки дар ҳавопаймо дарвоқеъ бо ӯ чӣ рух дод. Ҷониби Русия ба мо ҷузъиёти ҳодисаро танҳо баъди ифшои хулосаи ташхиси тиббии сабаби марги кӯдак медиҳад”, – хабар дод Ҷамила Ҳусейнова.

Хадамоти матуоти Раёсати ВКД Россия дар нақлиёти Урал хабар медиҳад, ки ҳавопаймо шаби 23 октябр ба Оренбург фуруд омада, кӯдак аллакай ҷон дода буд.

Тағои писарча то ошкор шудани ҳолатҳои ҳодиса дар Оренбург истода, мусофирони дигари ин хатсайр субҳи дирӯз ба Душанбе омаданд.

Мусофирони ин хатсайр мегӯянд, вақте аҳволи писарча бад мешавад, ӯро ба қисмати дигари ҳавопаймо гузаронида, замони фурудойӣ ба Оренбург хабар медиҳанд, ки дар ҳавопаймо ҳодисаи нохуш рух дод. Дар бораи марги писарча онҳо дар Душанбе огоҳ мешаванд.

Онҳо ҳамчунин хабар доданд, ки вақте ба Оренбург фуруд меоянд, як гурӯҳи шояд марзбонон ё гумрукчиён вориди ҳавопаймо шуда, бидуни шарҳи сабаб ҳар кадоме аз мусофиронро аксбардорӣ мекунанд.

Намояндагони ширкати ҳавопаймоии “Ют Эйр” дар Тоҷикистон ин ҳодисаро ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд.

Қаблан Радиои Озодӣ бо такя ба гуфтаҳои амаки писарча хабар дод, ки пеш аз савор шудан ба ҳавопаймо дар як бокал чой гирифта, дарунаш дору (ношпа) андохтаанд.

“Дарди ӯ хуруҷ карда, нахуст об хост. Барояш вақте чой додам, як қулт нӯшида дигар нахӯрд. Дар оғӯшам буд, аммо нолиш мекард. Як вақт нолишаш бас шуд, фикр кардам хобаш бурдааст. Хабар гирифтам, ки дилаш кор мекунад ва нафас мекашад. Ҷунбондамаш, камтар ҷунбид, баъд ду бор "мома" гуфта, ҷон дод", – иброз доштааст ба Радиои Озодӣ Илҳомиддин Ализода, амаки Муҳаммадҷон.

Қобили зикр аст, ки ҷамъияти тоҷикони шаҳри Оренбург барои интиқоли ҷасади Муҳаамадҷон ба ватан кумаки пулӣ кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...