Президент ба истеъдодҳои ҷавони Гулистон 50 адад асбобҳои мусиқӣ тақдим кард

Имрӯз бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Мактаби дуошёнаи санъат бо 135 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои наву замонавии мактаби санъат аз бист утоқи дарсӣ, аз ҷумла синфхонаҳои рассомӣ, фортепиано, рубобҳои гуногун, солфеҷио, дутор, доира, карнай, овозхонони фалаку шашмақом, синфи компютерӣ […]

Имрӯз бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Мактаби дуошёнаи санъат бо 135 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои наву замонавии мактаби санъат аз бист утоқи дарсӣ, аз ҷумла синфхонаҳои рассомӣ, фортепиано, рубобҳои гуногун, солфеҷио, дутор, доира, карнай, овозхонони фалаку шашмақом, синфи компютерӣ ва китобхона иборат мебошад.

Дар мактаби санъат инчунин як толори намоиш, толори консертӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, роҳбарияти мактаб ва ҳуҷраҳо барои омӯзиши дигар асбобҳои мусиқӣ, толори рақс, рассомӣ ва кулолгарӣ мавҷуд буда, дар таҳхонаи бино синфхонаи кулолгарӣ, ҳайкалсозӣ, омӯзиши санъати рақс, синфи карнай, доира ва толори хурди намоиш сохта шудааст.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаби санъати шаҳри Гулистон 50 адад асбобҳои мусиқии гуногун тақдим карда шуда, сипас  баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору синфхонаҳои Мактаби санъати шаҳри Гулистон, Сарвари давлат бо омӯзгорону толибилмони шаҳр суҳбати самимӣ доир кард.

Дар идома Президенти мамлакат дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон иштирок ва бо тобонидани чумак ба фаъолияти Шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшид.

Хабар дода шуд, ки тарҳи мазкур бо дастгирии бевоситаи ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон-1” амалӣ гардид.

Барои тадбиқи ин ҳадафҳо қариб 23 миллион сомонӣ сарф гардида, зиёда аз 15 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Гулистон, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, дастрасӣ пайдо карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.