Сарпарастии пулисони низомии рус ба хонаи кӯдакони Душанбе

Пулиси низомии пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон хонаи кӯдаконро дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастӣ гирифтанд. Хизматчиёни ҳарбии комендатураи низомии шаҳри Душанбе аз хонаи кӯдакон дар маҳаллаи Гипрзем боздид намуда, барои тарбиятгирандагони ин муассиса маҳсулоти хӯрокворӣ – ярма, маснӯоти макаронӣ, ширқиём, тухм, картошка ва равғани растанӣ оварданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳавзаи ҳарбии марказӣ. Дар […]

Пулиси низомии пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон хонаи кӯдаконро дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастӣ гирифтанд.

Хизматчиёни ҳарбии комендатураи низомии шаҳри Душанбе аз хонаи кӯдакон дар маҳаллаи Гипрзем боздид намуда, барои тарбиятгирандагони ин муассиса маҳсулоти хӯрокворӣ – ярма, маснӯоти макаронӣ, ширқиём, тухм, картошка ва равғани растанӣ оварданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳавзаи ҳарбии марказӣ.

Дар хабар қайд мешавад, ки барои кумак ба хонаи кӯдакон ҳанӯз соли гузашта пас аз баргузории аксияи гуманитаӣ бо ёвари фармондеҳ оид ба кор бо хизматчиёни ҳарбии диндор кашиш (иерей) Роман Чебоненко тасмим гирифта шуда буд.

Кумак ба мактабу хонаҳои кӯдакон ва дигар иқдомҳои башардӯстона барои хизматчиёни ҳарбии рус як анъанаи хубе шудааст. Моҳи ноябри соли гузашта пулисони ҳарбии рус ба мактаби №108-и деҳаи Дарёобод дар иваз кардани шишаҳои шикаста, ҳамчунин гармкунии тирезаҳову рангмолии фарши синфҳо кумак карданд.

Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия дар қаламрави се ҳавзаи федералӣ ва 29 субъекти Русия мустақар шудааст. Ба сохтори ин ҳавзаи бузурги Қувваҳои Мусаллаҳ як қатор иншооти воқеъ дар хориҷи ҳудуди Русия, аз ҷумла пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон, пойгоҳи ҳавопаймоии Кант дар Қирғизистон ва воҳидҳои ҳарбӣ дар қаламрави Қазоқистон дохил мешаванд.

Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз иншооти бузургтарини ҳарбии кишвар дар қаламрави берун аз Русия маҳсуб меёбад. Ҷузъу томҳои пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар мустақар мебошанд. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 2042 муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.