Дархости 20 соли зиндон барои писари генерали айбдор ба қатли бераҳмонаи ҳамсар

Айбдоркунандаи давлатӣ ба Бобоҷон Ширинов, ки дар куштори бераҳмонаи ҳамсараш моҳи июни соли равон айбдор дониста мешавад, таъини ҷазои 20 соли зиндонро дархост намуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди шаҳри Душанбе. Рӯзи душанбеи ҳафта оянда, 29 октябр аз пешниҳоди далелу ваҷҳҳои адвокати айбдоршаванда ва суханронии худи Бобоҷон Ширинов, писари генерал Раҷабалӣ Ширинов […]

Айбдоркунандаи давлатӣ ба Бобоҷон Ширинов, ки дар куштори бераҳмонаи ҳамсараш моҳи июни соли равон айбдор дониста мешавад, таъини ҷазои 20 соли зиндонро дархост намуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди шаҳри Душанбе.

Рӯзи душанбеи ҳафта оянда, 29 октябр аз пешниҳоди далелу ваҷҳҳои адвокати айбдоршаванда ва суханронии худи Бобоҷон Ширинов, писари генерал Раҷабалӣ Ширинов – собиқ муовини директори Агентии зиддифасод интизорӣ меравад.

Баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати Бобоҷон Ширинов мутобиқи моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) нимаи моҳи сентябр дар Суди шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Дар ҷараёни тафтишот айбдоршаванда пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, лекин дар мурофиаи судӣ бо ишораи аз хотир баровардани баъзе ҳолатҳо, худро қисман гунаҳкор шуморид, ҳарчанд ташхиси пеш аз суд ӯро пурра солим дониста буд.

Бобоҷон Ширинови 33-сола, собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон моҳи июн ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш боздошт шуд.

Шоми рӯзи 6 июн зимни муноқиаши рухдода ӯ ба ҳамсараш дарафтода, бо корд ба ӯ чанд зарба зад. Дар натиҷа ҳамсараш Моҳира Ятимова ҷароҳат бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расид. Сабаби муноқиша байни ҳамсарон тақсими амвол ва кӯдакон унвон мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.